(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Таърих

Таърихи мухтасари Корхонаи воҳиди давлатии Ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар асоси Қарори Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, №597 таъсис дода шудааст.

Корхона фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Корхона анҷом медиҳад.

Ба Фонди оинномавии Корхона ҳангоми таъсисёбӣ аз буҷети давлатӣ 8 млн. сомонӣ (2,3 млн. долл. ИМА) ҷудо карда шуда буд.

Бо мақсади дастгирии молиявии  Корхона, рушди муносибатҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва таъмин намудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо захираҳои зарурии техникӣ  ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлатии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар солҳои 2009, 2010, 2012, 2013 3,5 млн. сомонӣ (700 ҳазор доллари ИМА) ва соли 2011 6,5 млн. сомонӣ маҷмуан 28,5 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тамоми маблағгузориҳои раёсати Корхона ва дигар хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ аз ҳисоби фаъолиятҳои хоҷагидории Корхона анҷом дода мешавад.

Самтҳои фаъолияти Корхона:

-харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ (трактору комбайн, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар мошинҳои кишоварзӣ) ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ ба ховагиҳои деҳқонию фермерӣ  ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ барои истифодабарӣ додан бо шарти дар муҳлати муайян намудаи шартномаҳо баргардондани маблағ ва додани онҳо ба истифодабарии шахсӣ;

-ташкил намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ва дигар намуди хизматрасониҳи техникие, ки ба муносибатҳои лизингӣ алоқамандӣ дошта, ба аҳолӣ новобаста аз шакли моликияташ хизмат мерасонад.

Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф Акрам, соли таваллудаш 1959, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2015, №245 таъйин гардида, маълумоти олии кишоварзї (агрономї) дошта, собиқаи кориаш 31 солро дар бар мегирад. Ӯ пеш аз ишғоли ин вазифа ба сифати муовини аввали Раиси Ҳукумати ноҳияи Данғара, Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор кардааст.

Ҷонишини Директор Муминов Ботир Набиевич соли таваллудаш 1960, маълумоташ олии техникӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Собиқаи кории 28 сола дошта, дар вазифаи муовини КВД «Мадад» кор кардааст. Ҷиҳати баланд бардоштани тахассус соли 1996 курси омӯзиширо дар Донишгоҳи аграрии Тайланд гузашта, соли 2012 дар конфронси байналмилалӣ оид ба лизинг дар Москва ва соли 2014 дар комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Белорус иштирок намудааст.

Ҷонишини Директор – Сардори Раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо Урозов Авлиёқул Абдуллоевич соли таваллудаш 1958, маълумоташ олии иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ («Проблемаҳои тараққиёти босуботи хоҷагии ќишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»), дар вазифаи Раиси собиқ колхози «Москва»-и, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор карда, собиқаи кории 34 сола дорад.

Маҷмуан дар корхона дар Дастгоҳи марказӣ тибқи ҷадвали аслбандӣ 30 нафар, 5 нафар кормандон ба тариқи шартномавӣ кору фаъолият менамоянд. Ғайр аз ин дар филиалҳо 10 нафар кормандон тибқи ҷадвали аслбандӣ, 4 нафар ба тариқи шартномавӣ, ҳамчунин 33 нафар сардорони Маразҳои  хизматрасонии техникӣ ва механизаторон ба теъдоди 181 нафар тибқи шартномавӣ, маҷмуан дар корхона боназардошти шартномавиҳо 263 нафар корманд кор мекунанд.

Аз рӯи ихтисос дар корхона зиёда аз 19 нафар муҳандисони техникӣ, 16 нафар иқтисодчиёни дорои маълумоти олӣ ва 25 нафар кормандони маълумоти миёнаи техникӣ дошта кор мекунанд.

Дар як муҳлати кӯтоҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 Марказҳои хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон-18 адад, дар вилоят Суғд-8 адад, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон-8 адад ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-10 адад таъсис дода шуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва секторҳои хусусӣ кумакҳои техникӣ мерасонанд. Дар таъсис додани Марказҳои хизматрасонии техникӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад ва ба ин хотир бо Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказҳои хизматрасонии техникӣ  130 адад трактор, 130 адад таҷҳизот ба маблағи 10,9 млн сомонӣ (3.1 млн доллари ИМА) ба таври бебозгашт дода шуд. Дар марказҳои хизматрасонии техникӣ тамоми навъҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 26,9 млн сомонӣ (4.7 млн. доллари амрикоӣ) мавҷуд аст, ки онҳо то имрӯз ба маблағи 7 млн. сомонӣ (1.2 млн. доллари ИМА) аз шудгори замин то ҳосилғундорӣ тамоми хизматрасониҳоро анҷом додаанд.

Оид ба гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо мақсади таъмин намудани секторҳои хусусӣ новобаста аз шакли моликияташон ва истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ бо захираҳои зарурии техникӣ корҳои фаъол анҷом дода шуда, бо зиёда аз 1030 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба маблағи 113,0 млн. сомонӣ шартномаҳои лизингӣ баста шуда, ба онҳо зиёда аз 1014 адад тракторҳо ба муҳлати аз 3  то 4 сол,  25 адад комбайнҳои ғалладарав ба муҳлати 5 сол, 820 адад таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба муҳлати аз 1,5 то 2 сол ба иҷораи молиявӣ дода шудааст.

Корхона дар давраи фаъолияти худ бо таҷвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёда аз 200 шартнома ба имзо расонидааст. То ин дам 1089 адад тракторҳои универсалӣ, 27 адад комбайнҳои ғалладарав, 1641 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ ба маблағи умумии 138,6 млн. сомонӣ (17,8 млн. доллари амрикоӣ) ворид карда шудааст.

То ҳолати 01.01.2016с. ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» зиёда аз 260 ариза аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), шахсони воқеӣ барои дастрас намудани техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба маблағи 32 млн сомонӣ  (6.5 млн. доллари ИМА) ворид гардидааст.

Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст, ки онҳо ба техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Талабот ба техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурӣ 4,6 млрд сомонӣ (731 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Тибқи меъёрҳои муайянгардида дар Ҷумҳурӣ 18331 адад тракторҳои универсалӣ ва шудгоркунанда, 1773 адад комбайнҳои ғалладарав ва ғайраҳо намерасад. (Феҳрист дар як саҳифа пешниҳод мегардад).

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои мазкур дар тамоми самтҳо, аз ҷумла гирифтани ќарзҳои фоиданок ва кумакҳо корҳои самаранокеро анҷом медиҳад.

Корхона 2 маротиба солҳои 2010 ва 2012 ба Агентии Байналмилалии Ҳамкориҳои давлати Ҷопон «JICA» ҷиҳати кумак ба хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ) камбизоат бо техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба маблағи 4 млн. доллари ИМА лоиҳа пешниҳод намуд. Лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дастгирӣ ёфт ва дар ин асос 161 адад тракторҳои универсалӣ, 23 адад комбайнҳои ғалладарав ва 161 адад таҷҳизотҳо ба маблағи 4 млн. доллари ИМА  ҷудо гардид, ки онҳо бо имтиёзҳои 50% арзон аз нархи асосӣ ба 184 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дода шуд.

Дар соли 2015 Корхона ба Фонди Кувейтии рушди иқтисоди арабӣ ба маблағи 23 млн. доллари амрикоӣ лоиҳа пешниҳод намуд, ки ин маблағҳо аз тарафи Фонди мазкур дар соли 2016 ҷудо карда шуд. Дар лоиҳа таъсис додани Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ва паркҳои мошинию тракторӣ (ПМТ) дар минтаќаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст, ки онҳо бо техника ва таҷҳизоти ҳозиразамони кишоварзӣ, инчунин таҷҳизот барои гараж ҷиҳати иҷро намудани таъмирҳои ҷорӣ ва асосии техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, барқарор намудани қисмҳо ва дастгоҳҳои харобгардидаи тракторҳо ва техникаҳои ҳосилғундор таъмин карда мешаванд. Инчунин паркҳои мавҷудаи тракторӣ бо техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ мукаммал карда мешаванд.

Пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ» аз соли 1999 бо тағйироту иловаҳо тибқи Қонуни №212 аз 26 ноябри соли 2006 анҷом дода мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки минбаъд ҷиҳати шафофият ва баланд бардоштани сифати сабти муҳосибавӣ аз системаи автоматии сабти муҳосибавӣ истифода карда шавад.

Маркази матбуотии КВДҶ «Тоҷикагролизинг».

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх