(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ёддошти тафоҳум

Ёддошти тафоҳум

байни Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» (ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ҶС «Ozagrotexsanoatxolding» (ҷумҳурии Ўзбекистон) дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳвили техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ барои кишоварзони ҷумҳурӣ.

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва ҶС«Ozagrotexsanoatxolding», ки дар оянда Тарфҳо ном бурда мешаванд, бо такя ба муносибтҳои таърихии тиҷоратӣ-иқтисодии байни ин ду кишвар дар соҳаи таҳвили техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ба натиҷаҳои зерин ноил гардиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо дар доираи салоҳиятҳои худ ва дар асоси қонунгузории давлатҳои Тарафҳо бобати созмондиҳии таҳвили техника ва таҷҳизоти рақобатпазири кишоварзӣ, таъсиси шабакаҳои хизматрсонӣ ба онҳо ҳамкориҳои судмандро рушд ва таҳким мебахшанд.

Тарафҳо оид ба густариши муносиботи ҳамкорона байни корхонаҳо чораҳои дахлдор андешида, ҳамчунин оид ба амалӣ гардидани қарордоҳои тиҷорати хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Моддаи 2

Тарафҳо иброз доштанд, ки дар асоси ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи таҳвили техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳо, мошинҳои пахтачинию куракѓундорӣ, комбайнҳои ѓалладарав ва хошокѓундор, таҷҳизоти тозакунандаи пахта, ядакҳои тракторӣ ва дигар намудҳои таҷҳизоти истеҳсоли ҷумҳурии Ўзбекистонро ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ҳамкорӣ менамоянд.

Моддаи 3

Тарафҳо омодагии худро оид ба таъсиси корхонаҳои васлкунии маҳсулоти ҶС «Ozagrotexsanoatxolding» иброз дошта, ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаҳои диллериро созмон диҳанд.

Моддаи 4

Бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти Ёддошти тафоҳум, Тарафҳо метавонанд чорабиниҳои зеринро анҷом диҳанд:

-тавофуқи мунтазами маълумот оид ба номгўи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ҷумҳурии Ўзбекистон, ки корхонаҳои муҷтамаи агросаноатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ниёз доранд;

-созмондиҳии рафтуомади тарафайн ва музокирот бобати мувофиқа намудани шартҳои таҳвилдиҳии техника, ақди қарордодҳо ва шартномаҳо;

-ҳамкорӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои намоишӣ-ярмаркаҳо, ки мунтазам дар қалмрави ду кишвар гузаронда мешавад;

-ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини хизматрасонии кафолатӣ ва баъдикафолатии техникаҳои таҳвилшуда ва гузарондани озмоиши онҳо;

-амалӣ намудани дигар чорабиниҳо тибқи тавофуқи мутақобилаи Тарафҳо.

Моддаи 5

Тарафҳо зикр намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани муқаррароти ҳамин Ёддошт муаасисоти салоҳиятноки Трафҳо инҳо мебошанд:

аз ҷониби Ўзбекистон: ҶС «Ozagrotexsanoatxolding»

аз ҷониби Тоҷикистон: КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ;

Моддаи 6

Тамоми масъалахое, ки ба тафсир ва истифодаи ҳамин Ёддошт тааллуқ дорад, тавассути машварат ва музокирот ҳаллу фасл карда мешавад.

Моддаи 7

Ин Ёддошт қарордоди байналмилалӣ маҳсуб наёфта, ба Тарафҳо ягон навъ уҳдадории ҳуқуқӣ ва ё молиявиро вогузор наменамояд.

Моддаи 8

Ёддошти мазкур аз рўзи ба имзо расиданаш қувваи эътибор пайдо карда, ба муддати се сол ақд гардида ва то тамом шудани се моҳ аз рўзи муроҷиати яке аз тарафҳо оид ба лағви он қувваи ҳуқуқӣ дорад.

Ёддошт дар шаҳри Душанбе 28 декабри соли 2016 дар ду нусха бо забони русӣ ба имзо расидааст.

                  Аз ҷониби                                                                                                                 Аз ҷониби

   КВДҶ «Тоҷикагролизинг»                                                                                     «Ozagrotexsanoatxolding»

   Акрамзода Юсуф Акрам                                                                                                    Отаҷонов Н.С

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх