(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Озмоиши комбайни пахтачинии ХПМ-2,4

Чамъоварии пахта яке аз машгулиятхои сангин ба шумор меравад. Дар замонхои гузшта пахта бо даст чида мешуд, вале ихтирои воситахои техники барои љамъоварии пахта дастёби ба мавкеияти вокеи дар ин замина гардид. Комбайни пахтачинии навъи ХМП-2,4 дар асоси трактори «Беларус 80Х» охирин фановари дар ин замина аст.

Ширкати «Гомселмаш»-и Чумхурии Беларус тобистони соли 2016 барои љамъоварии пахта аввалин комбайнхои пахтачинии навъи ХМП-2,4-ро ба КВДЉ «Тољикагролизинг» равон намуд.

Барои ба кор даровардани техника ва озмоиши он дар Љумхурии Тољикистон ба нохияи Дўстии вилояти Хатлон мутахассисони Ширкати «Гомселмаш» сафарбар карда шуданд. Дар мархалаи нахустини хамкори озмоиши дакики комбайн дар шароити иклими гарм пешбини гардида, гузашта аз ин семинари махсус бо намоиш додани имконияти мошини мазкур барои пахтакорони Тољикистон ба накша гирифта шуда буд.

Тархи комбайни пахтачини, ки дар асоси трактори МТЗ 80Х «Гомселмаш» сохта шудааст, дар охирхои соли 2014 ба итмом расида буд. Мошини мазкур аллакай озмоишро дар заминхои пахтаи кишвархои Осиёи миёна гузаштааст. Мошини пахтачини бо дастгоххои тозакунандаи бутахо, ки хеле мохирона панбаро аз гуза људо карда ба дастгохи пахтагундори медихад, муљаххаз карда шудааст.

Комбайни пахтачинии ХМП-2,4 дар асоси трактори «Белорус 80Х» сохта шуда, комбайни пахтагундори дукнавъ мебошад. Дуки калони он якбора чахор катори пахтаро фаро мегирад. Бутаи пахта хангоми кор кардани мошин каме хам шуда, ба сепараторхои махсуси дохил мешавад, ки он дорои чахор дук мебошад. Механизми ин сепараторхо тавре сохта шудааст, ки онхо танхо нахи пахтаи расидаро чида, баргу гузахои норасидаро дар гузахои пахта ба осеб дучор намекунад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх