(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ба ҷамъоварии картошка дар мавзеи Канаск оғоз намуд

 Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ба ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат оғоз намуд. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аз оғози баҳори соли ҷорӣ Корхона дар асоси дастуру сапоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони 200 гектар замини мавзеи мазкурро аз сангу шағал, буттаю дарахтони худрӯй, ки дар асари фаромадани тарма, селу боронгариҳо ва дигар офатҳои табии корношоям гардида буд, тоза намуда, дар асоси талаботи агротехникӣ бо истифода аз техникаю таҷҳизоти муосири кишоварзӣ шудгори босифатро анҷом дода, дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар майдони 178 гектар кишти картошкаи тухмиро анҷом диҳад. Натиҷаи заҳматҳои кашида имрӯз имкон дод, ки аз заминҳои мазкур ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад. Беш аз 13 адад тракторҳо ва ба ҳамин миқдор мошинолотҳои соҳаи картошкпарварӣ дар давоми ду моҳ кор карда, дар оянда Корхона дар назди худ мақсад гузоштааст, ки майдони кишти картошкаро ба беш аз 400 гектар расонад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх