(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Дастовардҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар 8 моҳи соли 2017

Корхона дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 150 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тариқи шартномаи иљораи молиявӣ (лизингӣ) 98  адад техника  ва  140 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ харидорӣ намуда,  ба онҳо ба тариқи иљораи молиявӣ додааст.

Айни ҳол дар 54 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки  ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот вобаста карда шудааст.

Роҳбарияти Корхона дар партави нишондодҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2016 тибқи нақшаи корӣ барои соли 2017 ният дорад бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникиро таъсис дода, онҳоро бо техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ёридиҳандаи муосири истеҳсоли ватаниву хориҷӣ мукаммалу муҷаҳҳаз намояд.

Дар ҳашт моҳи соли 2017 Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 21   адад тракторҳо, 12 адад комбайнҳои ғалладарав ва 97 адад таҷҳизот мукаммал карда шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳашт моҳи соли 2017 20 адад комбайнҳои ғалладарави тамғаҳои “Нива-Эффект”, тасмачарх ва чархдори “Клаас Тигер”, 72 адад тракторҳои гуногунтамғаи МТЗ ва аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидорӣ (маблағҳои бозгашт) 43 адад техникаҳои кишоварзии гуногунтамға ва 298 адад таҷҳизот ба Корхона ворид карда шудааст.

Инчунин дар асоси шартномаи тарафайн байни КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ва ширкати “Агралис”-и Олмон 10 адад комбайнҳои тасмачарх ва чархдори навъи “КLAAS-Tiger” барои ҷамъоварии шолӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ  гардонида шуд.

Бо мақсади таъмини пурраи талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ Корхона дар назди худ мақсад гузоштааст, ки мошинҳои пахтачинии муосир, тракторҳои гуногунтамғаи тасмачарху чархдор, таҷҳизоти пиёзшинонӣ, пиёзканӣ, тамоми намудҳои тухмипошакҳои зироатҳои ғалладонагӣ, решаканак ва мошинҳои сарчинро ба корхонаҳои истеҳсолкунанда фармоиш дода, ба ҷумҳурӣ ворид намояд. Зеро, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ мебошад. Бо ин маҷсад Корхона вазифадор мебошад, ки дар заминаи механикунонии соҳаи кишоварзӣ фаъолияташро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро ҷустуҷӯ намояд.

Корхона аз корхонаҳои ватанӣ картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех, гандумкӯбак ва дигар намуди таҷҳизоти кишоварзиро харидорӣ намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дод, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.  Ҳамзамон, баҳри интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкориро бо диллерҳои заводҳои истеҳсолкунанда: КВД “Мадад”, ҶСК “Мадади Турсунзода”, ҶСШП “Агротехсервис”, Ширкати кишоварзи фанни Мозандарон, корхонаҳои комбайнсозии “Росселмаш”-и Федератсияи Россия, “Гомселмаши”-и Ҷумҳурии Белорус, ширкати “Класси”-и давлати Олмон ва тракторсозии Минск  ба роҳ монда, техника ва таҷҳизотро сари вақт ба ҷумҳурӣ ворид менамояд. Ҳангоми бастани шартнома бо корхонаҳои истеҳсолии ватанию хориҷӣ зикр карда мешавад, ки техника ва таҷҳизоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои мазкур бояд бисёрсоҳа бошад, ки чанд амалиётро иҷро карда тавонад. Инчунин аз онҳо талаб карда мешавад, ки кафолатҳои сервисиро иҷро намуда, оид ба техникаҳои ҳозиразмон дар марказҳои таълимии мо курсҳои омӯзиширо ба роҳ монанд, то механизаторон аз ин техникаҳо дуруст ва самаранок истифода бурда тавонанд

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх