(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Кӯмаки “тоҷикагролизинг” ба деҳқонони Сағирдашт

Бо ташаббус ва дастгирии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ба минтақаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як адад комбайни ғалладарави тамғаи “Нива” ҷиҳати расонидани кумак ба деҳқонони ғаллакор сафарбар карда шуд, ки дар давоми ду ҳафта ҳосили ба заҳмат парвардаи деҳқононро пурра ҷамъоварӣ намуд. Солҳои пешин деҳқонон наметавонистанд то мавсими боронгарию сармо ҳосилро ба даст оваранд. Аз ин рӯ онҳо миннатдории худро ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”баён намуда, изҳор доштанд, ки минбаъд ҳамкориро вусъат бахшида, барои ҷамъоварии ҳосили ба заҳматпарвардаашон ба ин корхона муроҷиат хоҳанд кард. Дар навбати худ “Тоҷикагролизинг” ваъда дод, ки ба ҳар як муроҷиати деҳқонон расидагӣ намуда, хоҳишҳои онҳоро саривақт иҷро хоҳад кард ва солҳои баъдӣ техника ва таҷҳизоти зарурии кишоварзиро ба ин минтақаи дурдасти кӯҳистон сафарбар менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх