(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Шолидаравӣ оғоз шуд

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии кишвар 10 адад комбайнҳои шолидарави тасмачарх ва чархдори  “Клас Тигер” ро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, аввалин шуда шолипарварони шаҳри Турсунзода аз онҳо истифода намуданд. Комбайни мазкур  дар ҳама гуна заминҳо, аз ҷумла заминҳои намнокиашон баланд бемамониат кор карда, дар як баст имкони дарави то 8 гектар заминро доро мебошанд.  Муҳимтар аз ҳама талафнокии ҳосил 0% буда, деҳқонони ин минтақа ба роҳбарияти корхона барои дастгирию кумаки амалиашон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки кори заҳматталаби онҳо тавассути ин комбайнҳо осон гардида, имконият пайдо карданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, заминро ба кишти тирамоҳӣ омода хоҳанд кард. Комбайни мазкур метавонад тамоми намуди зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ намояд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият доранд барои дастрас намудани ин комбайнҳо ба идораи Корхони “Тоҷикагролизинг” воқеъ дар кӯчаи Беҳзод 25, дар дохили киностуди “Тоҷикфилм” муроҷиат намоянд ва тибқи муқаррароти Тартиби иҷораи лизингӣ  техникаро ба иҷораи молиявӣ гиранд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх