(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Саҳми КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар бунёди боғи ангур дар масоҳати 150 га.

Таъкидҳои пайвастаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди боғу токзорҳои содиротӣ имрӯзҳо амалан татбиқ гардида, хоҷагидорону боғпарварони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо истифода аз имкониятҳои худ баҳри бунёди боғу токзорҳо саъю кӯшиши зиёде намуда истодаанд. Махсусан бунёди боғи ангур дар минтақаҳои вилояти Хатлон сол ба сол зиёд гардида, бад-ин васила ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида истодааст.

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” барои бунёди боғи ангур дар Ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Хуросон дар масоҳати 150 гектар саҳми фаъол гирифта, техника ва таҷҳизоти заруриро сафарбар намуд. Дар муддати кӯтоҳ замин пурра шудгор карда шуда, ба воситаи пармакунакҳои тракторӣ чуқуричаҳо канда шуда, ниҳолони ангур тибқи қоидаҳои агротехникӣ шинонда шуданд. Барои нашъунамои хуби ниҳолони ангур пас аз шинонидан онҳоро пору ва об дода, заминаи хубе барои сабзидани ниҳолони ангур фароҳам оварда шудааст.

Барои коркарди замин тракторҳои пурқудрати шудгоркунанда сафарбар карда шуда, шудгор дар чуқурии 50 сантиметр гузаронда шуд, ки ин имконият медиҳад решаҳои ниҳолони ангур нашъунамои хуб ёбад.

Барои бунёди боғ ҳамчунин олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, институти хокшиносӣ ва беҳтарин агрономҳо саҳми фаъол гирифта, ба деҳқонон оид ба тарзи дурусти бунёди боғи ангур машваратҳои судманд доданд.

Дар боғи мазкур зиёда аз 11 намуд ангурҳои беҳтарин, аз қабили шоҳона, ғалаба, кординал, кишмиши сафеду сиёҳ, ҳусайнӣ ва ғайраҳо шинонда шуд, ки ин навъи ангурҳо ба иқлими хоку оби ин мавзеъ хос буда, ҳосилнокиашон хеле баланд аст ва дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёде дорад.

Боси хурсандист, ки корҳои ниҳолшинонӣ дар ин мавзеъ пурра анҷом ёфта, омодагӣ барои сохтани чойлобҳои ангур оғоз гардида, мутахассисон барои ин кор омодагии ҳаматарафа дида истодаанд.

                                         

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх