(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ҳамкориҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо JICA

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” солҳои зиёд аст, ки бо Созмони ҳамкориҳои байналмилалии JICA ҳамкорӣ менамояд. Имрӯзҳо JICA ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо техникаю таҷҳизотҳои кишоварзӣ талаботи онҳоро омӯхта, бо ин мақсад ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, мехоҳанд дар ояндаи наздик миқдори зиёди техникаю таҷҳизотҳоро ба ҷумҳурӣ ворид намоянд.

Роҳбарияти Корхона дар навбати худ тамоми маълумотҳоро омода намуда, талаботи воқеии техникаю таҷҳизотҳои кишоварзиро ба JICA пешниҳод намуд ва дар ин замина лоиҳа низ омода карда шудааст.

Имрӯзҳо дар 59 шахру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо бо техникаю мошинолоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Роҳбарияти JICA ҳамзамон мехоҳад, ки дар назди ҳар як Маркази хизматрасонии техникӣ устохонаҳои таъмирӣ фаъолият намоянд ва техникаю таҷҳизотҳо дар ин устохонаҳои таъмирӣ аз таъмир бароварда шаванд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” аллакай дар 9 шаҳру ноҳияҳо устохонаҳои таъмириро сохтааст, ки самаранок фаъолият менамоянд. Дар оянда ният дорад, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо устохонаҳои таъмириро сохта, мавриди истифода қарор диҳад.

     

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх