(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ҳамкориҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо давлати Олмон

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” барои ворид намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла комбайнҳои ғалладараву шолидарав бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳамкорӣ намуда, аллакай комбайнҳои бисёрсоҳаи “Класс-Тигер”-ро харидорӣ намудааст. Соли чорум аст, ки ин навъи комбайнҳо дар хоҷагиҳои шолидарави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

Бартарии ин комбайнҳо дар он аст, ки як гектар замини шолиро дар 2 соат дарав менамоянд. Қаблан ба воситаи даст ин миқдор замин дар ду ҳафта дарав карда мешуд. Комбайнҳои мазкур тасмачарху чархдор буда, дар заминҳои намнокиашон баланд бе мамониат кор мекунанд.

Деҳқонони шоликори ҷумҳурии самаранокии ин комбайнҳоро дида, аз онҳо хуб истифода менамоянд. Имрӯз харидорони ин навъи комбайнҳо хеле зиёд аст. “Тоҷикагролизинг” дар асоси талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон дорад, ки аз ин комбайнҳо зиёд харидорӣ намуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонад.

  

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх