(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Дастовардҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар 11 моҳи соли 2019

Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар 11 моҳи соли 2019 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингї)  31 208 475 сомонї, подоштҳои лизингї 3 978 820 сомонї, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 847 665 сомонї, маҷмуан ба маблағи 36 034 960 сомонї ба Корхона ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 466 010 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамин давра ба 196 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурї ва шахсони инфиродӣ бо тариқи шартномаи иҷораи молиявї (лизингї) 122 адад тракторҳои гуногунтамға ва 270 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 30 163 305 сомонї харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Дар ёздаҳ моҳаи соли 2019 Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 130 адад техникаҳои гуногунтамға ва 469 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 37 363 436 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст. Аз ҷумла дар ҳамин давра танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 53 адад тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 115 адад мошинолоти гуногунтамғаи кишоварзиро ба маблағи 15 000 000 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Мавриди зикр аст, ки пас аз ба истеҳсолот оғоз намудани корхонаи тракторбарории ЉСШП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор КВДЉ “Тоҷикагролизинг” ҳамкориро бо ин Корхона ба роҳ монда, имконият пайдо намуд, ки техникаю таҷҳизотҳои заруриро аз корхонаи ватанӣ харидорӣ намуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонад.

Айни ҳол дар 59  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурї Марказҳои хизматрасонии техникї фаъолият менамоянд, ки  ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамѓа ва 919 адад таҷҳизот ба маблаѓи  28 807 272 сомонї вобаста карда шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ Корхона ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таъмин намудани онҳо бо офисҳои корӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ мабалағҳои заруриро ҷудо намуда, сохтмони биноҳои идории Марказҳо оғоз гардиданд. Аз ҷумла барои сохтмони офисҳои кории КФ “Бадахшонагролизинг” 1 000 000 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Балҷувон 615 000 сомонӣ, Данғара 500 ҳазор сомонӣ ва Темурмалик 900 000 сомонӣ, шаҳри Истаравшан 127 000 сомонӣ ҷудо карда шуда, сохтмон тибқи нақшаи тасдиқгардида босуръат идома дорад.

Корхона тасмим дорад, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва базаҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад.

Корхона дар ин давра дархосту талаботи зиёда аз 220 хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳуриро барои ба даст овардани техника ва мошинолотҳо омӯхтааст, ки то имрӯз ин хоҷагиҳо ба 210 адад тракторҳои тамѓаҳои гуногуни МТЗ, 210 адад испор, 60 адад мошинолоти соҳаи картошка, 50       адад тойбанд, 60 адад алафдаравак ниёз доранд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх