(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Кишти тирамоҳӣ пурра анҷом ёфт

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Марказҳои хизматрасонии техникиро бо муосиртарин техникаю мошинолоти кишоварзӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардонда, шароит фароҳам овард, ки кори дастӣ аз байн бардошта шуда, иҷрои корҳои кишоварзӣ ба таври механикӣ анҷом дода шавад. Инчунин дар маъракаи шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар мавзеи Олимтойи ноҳияи Данғара ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, беш аз 40 адад тракторҳои пурқудрати шудгоркунандаи тасмачарху чархдор, тухмипошакҳои бисёрсоҳаи муосири истеҳсоли давлати Олмон ва Федератсияи Россияро аз Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар намуда, шудгору кишти тирамоҳиро дар вақташ пурра ба анҷом расонид. Инчунин дар бунёди боғу токзорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳҳрӣ бо истифода аз техникаю мошинолотҳо дар нарм кардани байни қатори дарахтон, тоза намудани навдаҳои онҳо саҳми фаъол гирифт.

     

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх