(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Дастовардҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар соли 2019

Ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар давоми соли 2019 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ)  35617603 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 3 978 820  сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 965600 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 40 562 023 сомонӣ ба Корхона ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 462 235 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2019 ба 287 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шахсони инфиродӣ бо тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ)  126 адад тракторҳои гуногунтамға ва 288 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 34 612 180 сомонӣ харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 131 адад техникаҳои гуногунтамға ва 530 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 39 260 675 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст. Аз ҷумла дар ҳамин давра танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 53 адад тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 115  адад мошинолоти гуногунтамғаи кишоварзиро ба маблағи 15 000 000 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Роҳбарияти Корхона ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани тракторҳои тасмачархи муосир дар соли ҷорӣ харидории 20 адад аз ин навъ тракторҳоро ба нақша гирифта, дар семоҳаи аввал аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ ба ҷумҳурӣ ворид хоҳад кард.

Айни ҳол дар 59  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки  ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи 28 807 272  сомонӣ вобаста карда шудааст.

       

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх