(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Дастовардҳои “Тоҷикагролизинг” дар 6 моҳи соли 2020

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфт намудани қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор корҳои назаррасеро анҷом дода истодааст.

Ба Корхона дар шаш моҳи соли 2020 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 15 702 000 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 2310000 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 585 000 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 18 597 000 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019   1 817 000 сомонӣ зиёд аст.

Дар ҳамин давра ба 252 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 77 адад тракторҳои гуногунтамға ва 175 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 20 446 269 сомонӣ харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 162 078 сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 5 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки аз ин маблағҳо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ харидорӣ гардида, мавриди истифодаи кишоварзон қарор дода шудааст.

Дар шаш моҳи  соли 2020 Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 68 адад тракторҳои гуногунтамға ва 154 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 17 325 650 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 940 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шароити феълӣ дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ самаранок фаъолият намуда, ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи  28 807 272 сомонӣ вобаста карда шудааст. Аз ҷумла барои саривақт ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ 40 адад комбайнҳо сафарбар карда шудаанд, ки то ҳол дар майдони ғаллазор фаъолият намуда истодаанд.

Корхона дар нимсолаи аввали соли 2020 дархосту талаботи зиёда аз 190  хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро омӯхтааст. Хоҷагидорон ба 130 адад техникаҳои гуногунтамға, 145 адад испор, 55 адад мошинолоти соҳаи картошка, 25 адад тойбанд ва 45 адад алафдаравҳо ниёз доранд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, хуруҷи бемории COVID-19 ба ҳама соҳаҳои иқтисодиёт зарари ҷиддӣ расонда, дар асари баста шудани сарҳадҳо роҳҳои додугирифти байни давлатҳо муваққатан маҳдуд гардид. Вале, роҳбарияти Корхона ба мушкилотҳои пешомадаи давраи бемории сироятии зукоми тоҷдор нигоҳ накарда, ҷиҳати саривақт таъмин намудани минтақаҳои картошкапарвар бо мошинолоти соҳаи картошка ва ноҳияҳои ғаллакор бо техникаю мошинолоти зарурӣ чораандешӣ намуда, аз ҳисоби захираи техникаю мошинолот, ки дар мағозаҳо ва амборҳои Корхона нигоҳ дошта мешуданд, онҳоро бо таҷҳизоти соҳавӣ таъмин намуда, кишти картошка ва дарави зироатҳои ғалладонагӣ саривақт анҷом дода шуда, ҷамъоварии хошок бо маром идома дорад.

Роҳбарияти Корхона ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ворид намудани тракторҳои тасмачархи муосир дар соли ҷорӣ тасмим гирифта буд, ки дар охири семоҳаи дуюми соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ 20 адад аз ин навъ тракторҳоро харидорӣ намуда ба ҷумҳурӣ ворид менамояд. Мутаассифона, бо сабабҳои дар боло зикргардида ворид намудани тракторҳо ба шашмоҳаи дуюм интиқол ёфта, бо боз шудани сарҳад техникаҳои зикргардида ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.

Корхона ҳанӯз аз соли 2019 тасмим гирифта буд, ки ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидории худ мабалағҳои заруриро ҷудо намуда, сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳҳои таъмириро дар КФ “Бадахшонагролизинг”, Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Темурмалик, Данғара ва шаҳри Истаравшан оғоз намуда, тибқи нақшаи тасдиқгардида сохта мавриди истифода қарор медиҳад. Дар ноҳияи Темурмалик дар моҳи марти соли ҷорӣ офиси корӣ ва маркази сервисию таъмирӣ расман ифтитоҳ гардида, сехҳои он бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили вулканизатсия, дастгоҳҳои харротию челонгарӣ, таъмири насосҳои сӯзишворӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо муҷҷаҳҳаз гардонда шуда, мутахассисони касбии соҳавӣ ба кор ҷалб карда шуда, қисмҳои аз кор баромадаи техникаю мошинолотҳои кишоварзиро дар ҳамин пойгоҳ таъмир менамоянд. Сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳи таъмирӣ дар ноҳияи Данғара, шаҳри Истаравшан ва КФ “Бадахшонагролизинг” тибқи нақша босуръат идома дорад. Чунин биноҳои идорию пойгоҳҳои таъмирӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Лахш, Тоҷикобод, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом солҳост, ки фаъолият намуда, техникаю мошинолоти аз корбаромадаи кишоварзиро таъмир менамояд. Корхона тасмим дорад, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва базаҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад.

Роҳбарияти Корхона ҳамеша мекӯшад, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродиро оид ба таъмин намуданашон бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ дақиқан омӯхта, вобаста ба ин чораҳои лозимӣ андешад. Дар робита ба масъалаи мазкур бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани воридоти техника ва тачҳизоти соҳаи кишоварзӣ бо намояндагони босалоҳияти Фонди Арабистони Саъудӣ, Бонки Рушди исломии Кувайт мулоқот анҷом дода, оид ба дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ лоиҳа пешниҳод намуд, ки дар ҳоли баррасӣ ва омӯзиш қарор доранд. Инчунин лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхона оиди ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) бобати дастгирии хоҷагиҳои дехқонӣ ва мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Агентӣ пазируфта шуда, имрӯзҳо намояндагони онҳо талаботи хоҷагиҳо ва Марказҳои хизматрасонии техникиро ба техникаю тачҳизоти зарурӣ омӯхта истодаанд.

Роҳбарияти Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёмҳои солонашон оид ба дастгирии корхонаҳои ватанӣ иброз медоранд, бо мақсади дастгирии корхонаҳои ватанӣ, солимгардонии вазъи истеҳсолот, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ бо онҳо ҳамкории зич намуда истодааст. Бо мақсади ташкил ва мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК  «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш» оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ аз қабили картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкӯбак шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас намуда истодааст.

Дар давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ баҳри дар амал татбиқ намудани супориши Пешвои миллат оид ба ташкил намудани китобхонаҳо дар вазорату муассисаҳои давлатӣ ва бо ин васила ҷалби кормандон ба хондани китоб дар Корхона китобхонаи замонавӣ сохта, онро ба беш аз 2000 нусха китобҳои ҷанбаи  бадеӣ, сиёсӣ, иқтисодидошта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мукаммал намуда, кормандон дар вақтҳои фориғ аз кор дар ин ҷо ба хондани китоб машғул мешаванд. Ғайр аз ин, дар китобхона курсҳои омӯзиши забонҳои англисию русӣ ба роҳ монда шуда, кормандон рӯзҳои муайянгардида пас аз соати корӣ ба забономӯзӣ машғул мешаванд.

Роҳбарияти корхона ба ҷуз аз вазифаҳои мустақими ба душдоштааш дар тамоми маъракаҳои ҷанбаи сиёсию иҷтимоидоштаи  ҷумҳуривӣ ширкати фаъол гирифта, супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Чунончӣ, соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани дарав ва захира намудани хошоки чорво дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чораҳои таъхирнопазир андешида, ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, миқдори зарурии тракторҳои ҳозиразамони пуриқтидори бисёрсоҳаи тамғаҳои МТЗ, мотоблоку алафдаравҳои механикии дискию дастӣ, тойбанду тагрезчин, коҳҷамъкунакҳо, либосҳои корӣ ва дигар лавозимоти ба дарави хошок марбутбударо ҷудо ва сафарбар намуда, дарави хошок бо маром идома дорад.

Инчунин, бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 апрели соли 2020 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус баён гардидаанд, Барқияи Ҳукуматӣ № 24/10-14 аз 01.05.2020, банди 16-и Протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №2к/43-24 аз  04.05.2020, супориши муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №4/25-6 аз 01.04.2020 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID-2019 ва Барқияи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди дохилиидоравиро таъсис дода, раис, муовинону аъзоёни Ситодро дар ҳайати 15 нафар вобаста намуда, шахсони масъули Корхонаро ба маҳалаҳои ҷои зист дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе-маҳаллаҳои Айнӣ, Бинокорон ва гузаргоҳи 2-уми Бинокорон  сафарбар намуда, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъалаҳои ба таҳлука наафтодани аҳолӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, риоя намудани фосилаи 1,5 метр ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сӯҳбат бо одамон, пӯшидани ниқоб дар берун аз хона ва ҷойи кор, мунтазам шӯстани дастон бо собун, аз ду се нафар зиёд нашудани  одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фаҳмондани роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар даромадгоҳҳои хонаҳо, тоза кардани ҳуҷраҳои манзилҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ таъкидҳои ҷиддӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ барои бошандагони 29 бинои истиқоматӣ, ки дорои  745 хоҷагӣ мебошанд ва 931 оиларо дар бар гирифта, 2893  нафар  сокинонро ташкил медиҳанд, 2000 адад ниқоб, 200 кг хлор, 800 адад антисептикҳо, 300 адад зарфи собуни моеъ, 800 дона собуни ҷомашӯӣ ҷиҳати истифодабарӣ дода шуда, боз ба 14 нафар ашхоси камбизоати маҳалаҳои зикргардидаи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва қисман аз ҳисоби маоши кормандони Корхона кумаки молиявӣ расонда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх