(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

МАРДИ КОР

Ҷумаев Абдуфаттоҳ Муминович, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, факултаи механикунонӣ, бо ихтисоси муҳандиси техникаҳо.

Мавсуф пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ дар бахшҳои мухталифи техникии соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият намуда, дар бунёди заминҳои нави корам, азхудкунии заминҳои солҳо бекорхобида саҳми фаъол гирифта, дар давраи зиёда 35 соли фаъолияти корӣ шогирдони соҳаи техникиро тарбия намуда, имрӯз дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият менамоянд.

         Ҷумаев А.М. соли ҳаштум аст, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ба сифати Сардори Шӯъбаи техникӣ фаъолият намуда, дар таъсис ва бунёнгузории беш аз 25 Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳо саҳм гирифта, пайваста ба шаҳру ноҳияҳо сафари хизматӣ анҷом дода, дар маъракаҳои муҳими шудгору кишти тирамоҳию баҳорӣ, ҷамъоварии ҳосил ва расондани кумакҳои амалӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат фаъолона ширкат меварзад. Маҳз саъю талошҳои пайвастаи кормандони инженер-техникӣ шароит фароҳам овардааст, ки техникаю таҷҳизоти кишоварзон ҳамеша фаъол буда, нуқсонҳои мавҷуда саривақт бартараф ва таъмир карда мешаванд.

Ӯ имрӯзҳо ният дорад, ки дар дохили КВДҶ “Тоҷикагролизинг” маркази таълимӣ таъсис дода, мутахассисони ҷавонро, ки аз донишкадаю донишгоҳҳо фориғ мешаванд, дар амал бо техникаю мошинолот ошно сохта, истифодабарии онҳоро омӯзонад ва донишҳои назариявии онҳоро бо амалия пайваст созад.

Ин аст, ки роҳбарияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” хизматҳои арзандаи ӯро ба назар гирифта, броҳо бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфарозаш гардондааст.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх