(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ДАСТОВАРДҲОИ КВДҶ “ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ” ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

Санаи 02.04.2021 маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Корхона баргузор гардид, ки дастовардҳои молиявию хоҷагидории Корхона дар семоҳаи аввали соли 2021 шунида  ва баррасӣ гардид. Аз натиҷаҳои хоҷагидорӣ ва молиявии Корхона Директор Акрамзода Юсуф Акрам, муовинон Муминов Б.Н., Урозов А.А. ва шахсони мутасаддӣ ҳисобот доданд. Зикр гардид, ки  ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар семоҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 8311140 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 795100 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 130500 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 9236740 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020    255950 сомонӣ зиёд аст.

Дар семоҳаи соли 2021 Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 38 адад тракторҳои гуногунтамға ва 194 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 14 221 220 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 398 850 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 14 адад тракторҳои тамғаҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 75 адад мошинолоти гуогун ба маблағи 5 000 000 сомонӣ харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Дар ҳамин давра ба 102 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 45                                                    адад тракторҳои гуногунтамға ва 131 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 12 235 886 сомонӣ харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 085 156 сомонӣ зиёд аст.

Дар шароити феълӣ дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ самаранок фаъолият намуда, бо техникаю мошинолоти зарурӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳҳои таъмириро дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ШНТҶ ва ВМКБ бунёд намуда, сехҳои онҳо бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили вулканизатсия, дастгоҳҳои харротию челонгарӣ, таъмири насосҳои сӯзишворӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо  муҷҷаҳҳаз гардонда, дар базаи Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Данғара, Деваштич ва шаҳри Истаравшан сохтмонҳо идома доранд. Соли ҷорӣ сохтмони пойгоҳи таъмирӣ дар ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх