(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ВОРИДОТИ ТАҶҲИЗОТҲОИ НАВУ МУОСИРИ СОҲАИ ПАХТА ВА КАРТОШКА

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ ба мавсими шудгору кишти баҳорӣ омодагии ҳаматарафа дида мешавад. Бо мақсади саривақт анҷом додани шудгору кишт КВДҶ “Тоҷикагролизинг” чораҳои таъхирнопазир андешида, ба ҷумҳурӣ техника ва таҷҳизоти муосир ва бисёрсоҳаро ворид намуда, ба хоҷагидорону кишоварзон шароитҳои беҳтареро фароҳам оварда истодааст.

Аллакай ҷиҳати кишти босифати пахта тухмипошакҳои навъи СЧХ-4Б ва тухмипошакҳои зери плёнкагиро аз Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор пешниҳод намуд, ки бо истифода аз ин мошинолот кишт саривақт ва босифат анҷом дода мешавад.

“Тоҷикагролизинг” дар баробари тухмипошакҳои универсалии пахта, аз Ҷумҳурии Туркия тухмипошакҳои ҷуворимакка ва аз Ҷумҳурии Белорус култиваторҳои пахтаро ворид намуд, ки кишоварзон ба онҳо талаботи зиёд доранд.

Роҳбарияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо истифода аз тамоми имкониятҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи хоҷагидоронро бо техникаю таҷҳизоти мавриди ниёзашон қонеъ намуда, дилхоҳ техникаю мошинолоти зарурии онҳоро аз кишварҳои хориҷӣ ворид ва дар ихтиёрашон қарор диҳад. Дар шароити имрӯза хоҷагидорону кишоварзон имконият доранд, ки дилхоҳ техникаю таҷҳизоти заруриашонро аз амборҳои “Тоҷикагролизинг” ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх