(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 08.09.2021 дар толори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Муовини Директор Урозов Авлиёқул суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муборак табрик намуда, қайд кард:

Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳони муосир таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфуз қарор додааст.

Дар дунё миллатҳои зиёде арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Дар робита ба ин ҷашни пуршукуҳу таърихӣ бояд зикр намуд, ки коллективи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар соҳаи рушд додани кишоварзӣ, ворид намудани техникаю мошинолоти гуногун, таъсису муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррасро анҷом додааст.

Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дар тамоми шањру ноњияњои љумњурї 60 Марказњои хизматрасонии техникї, аз љумла дар вилояти Хатлон-24 адад, дар вилоят Суѓд-14 адад, Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон-8 адад ва Ноњияњои тобеи љумњурї-14 адад таъсис дода шуд, ки ба хољагињои дењќониву фермерї ва секторњои хусусї кумакњои техникї мерасонанд. Дар таъсис додани Марказњои хизматрасонии техникї  Њукумати Љумњурии Тољикистон сањми арзанда дорад. Дар Марказњои хизматрасонии техникї тамоми навъњои техника ва таљњизоти кишоварзї ба маблаѓи 22.8 млн сомонї (4.7 млн. доллари амрикої) мављуд аст, ки онњо аз шудгори замин то њосилѓундорї тамоми хизматрасонињоро анљом медиҳанд.

Оид ба гузаронидани амалиётњои иљораи молиявї (лизингї) бо маќсади таъмин намудани секторњои хусусї новобаста аз шакли моликияташон ва истењсолкунандагони мањсулотњои кишоварзї бо захирањои зарурии техникї корњои фаъол анљом дода шуда, ба 2678 хољагињои дењќонї (фермерї) 2034 адад тракторҳои гуногунтамға, 3087 адад таҷҳизотҳои гуногун ба маблағи умумии 327,3 млн сомонӣ ба муњлати аз 3  то 4 сол ва комбайнњои ѓалладарав ба муњлати 5 сол, таљњизотњои кишоварзї ба муњлати аз 1,5 то 2 сол ба иљораи молиявї дода шудааст.

Корхона дар давраи фаъолияти худ бо тањвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таљњизоти кишоварзї зиёда аз 280 шартнома ба имзо расонидааст. То ин дам 2108 адад тракторњои универсалї ва  комбайнњои ѓалладарав, 5983 адад таљњизоти гуногуни кишоварзї ба маблаѓи умумии 412,7 млн. сомонї ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Коллективи кормандони Корхона имрӯзҳо азму талош доранд, ки дастовардҳои худро боз ҳам афзун намуда, дар механикунонии тамоми соҳаҳои кишоварзиии мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон таманниёти нек, ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати рӯзгор, комёбиву барори кор ва хушбахтию хушрӯзиҳоро таманно менамоям.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх