(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВИИ КВДҶ “ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ” ДАР 9 МОҲИ СОЛИ 2021

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфт намудани қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор корҳои назаррасеро анҷом дода истодааст.

Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 25 582 410 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 2 796 190 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 861 100 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 29 239 700 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020    460 630 сомонӣ зиёд аст.

Дар нуҳ моҳи соли 2021 Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 112 адад тракторҳои гуногунтамға ва 562 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи  39 539 464 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020    10 980 594 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳамин давра ба 243 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 93                                                    адад тракторҳои гуногунтамға ва 307 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 29 941 360 сомонӣ дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020-ум   4 421 830 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шароити феълӣ дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ самаранок фаъолият намуда, бо техникаю мошинолоти зарурӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳҳои таъмириро дар 12 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ШНТҶ ва ВМКБ бунёд намуда, бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили вулканизатсия, дастгоҳҳои харротию челонгарӣ, таъмири насосҳои сӯзишворӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо  муҷҷаҳҳаз гардонда, дар базаи Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Данғара, Деваштич ва шаҳри Истаравшан сохтмонҳо идома дошта, соли ҷорӣ сохтмони пойгоҳи таъмирӣ дар ноҳияҳои Рашт, шаҳристон, шаҳрҳои Роғун ва Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти Корхона оиди татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ”, ки Президенти мамлакат дар Паёми солонаашон баён дошта буданд, низоми электронии пешниҳоди ҳуҷчатҳоро пешбинӣ намуда, дар шароити феълӣ ин корро пурра амалӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, барои назорати кори техникаҳо системаи назоратии JPS ба нақша гирифта шудааст, ки минбаъд фаъолияти техникаҳои Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳо аз марказ назорат бурда мешавад.

Бо мақсади таъмини шаффофияти иқтисодӣ ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум фаъолияти молиявии Корхона ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ гузаронда шуда, ба аудити ҳатмии солона фаро гирифта шудааст ва ҳисоботи молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ тартиб дода шуда, бо хулосаи аудити ҳатмӣ дар муҳлатҳои муайянгардида ба Вазорати молия пешниҳод карда мешавад. Њисоботҳои молиявии Корхона ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо, инчунин санадҳои бонкӣ, ки ба муҳосиба тааллуқ доранд, ба тариқи электронӣ пешниҳод мегардад.

Раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо, Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) пурра ба шакли электронӣ гузашта, шахсони масъул дар ин самт донишҳояшонро мукаммал намуда, малакаи хуби корӣ пайдо намуда истодаанд.

Роҳбарияти Корхона ҷиҳати мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, фаъол намудани марказҳои хизматрасонии таъмирию сервисӣ, ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, дар ин замина лоиҳа пешниҳод намуд, ки аз тарафи намояндагони JICA мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ талаботи воқеии хоҷагидорон ба техникаю мошинолот омӯхта шуда истодааст.

Роҳбарияти Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба дастгирии корхонаҳои ватанӣ корҳои самаранокро анҷом дода, бо онҳо ҳамкории зич намуда истодааст. Бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ-ядакҳои тракторӣ, картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкӯбак шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас намуда истодааст.

Роҳбарияти Корхона дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба хонаи кӯдакони ятими №1 шаҳри Душанбе, ТЧХ “Дуои пирон”-и шаҳри Душанбе,  32 нафар ашхоси ниёзманди ноҳияи Шоҳмансур маводи ғизоӣ ва кумаки пулӣ расонда ва бо мақсади иҷроиши супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №23/10-224(1) аз 18.05.2021 ба осебдидагони низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кумаки пулӣ намуда, дар оянда низ иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти дастгирии ятимону оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа идома хоҳад дод. Инчунин дар асоси супориши протоколии №1/30-4 машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2020 ва банди 28 протоколи №13 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020 се адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳоро, ки дар давоми солҳои 2017-2019 дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Нарзибеков М, назди биноҳои истиқоматии 42 ва 44, ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ҷомӣ, назди биноҳои 42,44 ва 46, дар маҳаллаи Зарафшон, ноҳияи Сино, назди биноҳои истиқоматии №№22/4, 22/9  сохта буд, пурра аз нав таъмир карда, мавриди истифодаи сокинони маҳаллаҳои мазкур қарор дод.

Роҳбарияти Корхона дар тамоми корҳои дастаҷамъӣ ва ободонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, дар сохта ба истифода додани як манзили истиқоматии сокини ноҳияи Тоҷикобод, ки дар асари зилзила валангор гардида буд, саҳми шоиста гузошта, хонаи истиқоматии мазкурро пурра сохта, дар ихтиёри зарардида қарор дода, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои меҳнатӣ сазовор пешвоз истиқбол намуд.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх