(+992 44) 600-58-58
ПН - СБ 9:00 - 18:00
info@tajikagroleasing.tj
Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ҳафт моҳи соли 2024 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 23 325 542 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 2 373 273 сомонӣ, аз Марказҳои хизматрасонии техникӣ 651 225 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 26 350 040 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 105 880 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 81 адад техника ба маблағи 23 380 090 ва 244 адад таҷҳизоти гуногунтамға ба маблағи 8 641 482 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 32 021 572 сомонӣ харидорӣ намуда, мавриди истифодаи кишоварзон қарор додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 162 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 75 адад тракторҳои гуногунтамға ва 293 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 27 718 221 сомонӣ дар асоси дархосташон ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 707 425 сомонӣ зиёд аст.
Корхона бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла бо ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис”, ҶСК “Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот” ва ҶШСП “ТоҷИрон” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас менамояд.
КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла комбайнҳои ғалладарав, тракторҳои тасмачархи пуриқтидор ва мошинолотҳои соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, барои минбаъд саривақт ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ, гузаронидани шудгори босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои киштшаванда, махсусан омода намудани замин ба кишти такрорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ШНТҶ комбайнҳои ғалладарав ва тракторҳои тасмачархи пуриқтидорро аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусу Чин ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор додааст. Инчунин барои кишти босифат ва дақиқи пахта миқдори зарурии тухмипошакҳои зериплёнкагии пахтаро ворид намуда, ба шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ШНТҶ равон намуда, оид ба тарзи дурусти истифодабарии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор бо хоҷагидорон бо иштироки мутахассисони инженер-техникӣ ва кормандони соҳавӣ семинарҳои омӯзишӣ доир намуда, пахтакоронро бо ин навъи таҷҳизот ба тариқи амалӣ шинос намуд.
Таҷриба нишон дод, ки тавассути тухмипошаки зериплёнкагӣ кишт намудани пахта натиҷаҳои мусбат дода, афзоиш ва нашъунамои пахта дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Спитамен, Фархор, Восеъ ва Бобоҷон Ғафуров нисбат ба ноҳияҳое, ки бо тухмипошаки муқаррарӣ кишт намуда буданд бамаротиб хуб буда, пахтакорон тибқи пешгӯиҳо умедворанд, ки аз ҳар гектар 60-65 сентнерӣ ҳосил ба даст меоваранд. Дар заминҳои тавассути ин тухмипошак киштшуда алафҳои бегона умуман нарӯида, кори дастии хушова кардан пурра аз байн бардошта шудааст.
Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои шудгори босифат тракторҳои тасмачарх харидорӣ менамояд, вале ин навъи тракторҳо бинобар сабаби гаронии нархашон саривақт ба гардиш дароварда намешаванд ва маблағҳои масрафшуда самараи дилхоҳ намедиҳанд. Бинобарин, хуб мебуд агар тракторҳои тасмачарх аз ҳисоби лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ харидорӣ мегардид, дар ин сурат мо имконияти бештаре барои харидории тракторҳои чархдор ва мошинолотҳои соҳавии кишоварзӣ пайдо мекардем ва аз ин ҳисоб подоштҳои лизингӣ зиёд гардида, ҷиҳати харидории минбаъдаи техникаю таҷҳизот заминаи хубе фароҳам мегардид.
Корхона бариловаи харидорию ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва қисман маблағҳои буҷетӣ барои Марказҳои хизматрасонии техникии амалкунанда, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ, Вахш, Темурмалик, Лахш, Тоҷикобод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон ва Шуғнон офисҳои корӣ ва устохонаҳои таъмириро сохта, онҳоро бо дастгоҳҳои таъмирӣ муҷаҳҳаз намуда, шароит фароҳам овардааст, ки техникаю таҷҳизоти аз кормонда дар ҳудудҳои ин шаҳру ноҳияҳо таъмир ва ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шуда, кори деҳқонон бамаротиб осон карда мешавад.
Роҳбарияти Корхона бо дастгирӣ ва кумакҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати сохта ба истифода додани устохонаҳои таъмирӣ дар ҳафт ноҳияҳои пилотӣ, аз ҷумла Дӯстӣ, Ҷайҳун, Тоҷикобод, Рашт, Деваштиҷ, Данғара ва шаҳри Истаравшан устохонаҳои таъмири техника ва таҷҳизотҳоро сохта, омодаи баҳрабардорӣ қарор додааст. Сохтмони устохонаҳои таъмирӣ дар ноҳияҳои зикргардида тибқи нақшаи тасдиқгардида сохта шуда, аз тарафи Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа (IFAD) бо 15 намуд дастгоҳҳои таъмирӣ мукаммал ва муҷҷаҳаз гардонда шудааст.
Корхона бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон, аз ҷумла тракторҳои пурқудрати чархдору тасмачарх ва тухмипошакҳои зериплёнкагӣ ва дигар мошинолоти муосири бисёрсоҳаро ворид намуда, дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дар ихтиёрашон қарор медиҳад.