(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Бунёди Марказҳои сервисию таъмирӣ дар базаи Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳо

Корхона ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидории худ мабалағҳои заруриро ҷудо намуда, сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳҳои таъмириро дар КФ “Бадахшонагролизинг”, Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Темурмалик, Данғара ва шаҳри Истаравшан оғоз намуда, тибқи нақшаи тасдиқгардида сохта мавриди истифода қарор медиҳад. Дар ноҳияи Темурмалик дар моҳи марти соли ҷорӣ офиси корӣ ва маркази сервисию таъмирӣ расман ифтитоҳ гардида, сехҳои он бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили вулканизатсия, дастгоҳҳои харротию челонгарӣ, таъмири насосҳои сӯзишворӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо муҷҷаҳҳаз гардонда шуда, мутахассисони касбии соҳавӣ ба кор ҷалб карда шуда, қисмҳои аз кор баромадаи техникаю мошинолотҳои кишоварзиро дар ҳамин пойгоҳ таъмир менамоянд. Сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳи таъмирӣ дар ноҳияи Данғара, шаҳри Истаравшан тибқи нақша идома ёфта, бинои идории КФ “Бадахшонагролизинг” ба муносибати ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Чунин биноҳои идорию пойгоҳҳои таъмирӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Лахш, Тоҷикобод, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом солҳост, ки фаъолият намуда, техникаю мошинолоти аз корбаромадаи кишоварзиро таъмир менамояд. Корхона тасмим дорад, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва базаҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх