(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Комбайни ғалладарави “Нива-Эффект”

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” бо мақсади дастгирии деҳқонон таи чанд соли ахир зиёда аз 30 адад комбайнҳои ғалладарави “Нива -Эффект” ро ба ҷумҳурӣ ворид намуд, ки имрӯзҳо деҳқонон аз онҳо самаранок истифода мебаранд. Бартарии комбайнҳои мазкур аз он иборат аст, ки дар дилхоҳ заминҳо бемамониат кор карда, ҳосилро бидуни талаф ҷамъоварӣ менамоянд. Бартарии дигари ин комбайнҳо аз он иборат аст, ки барои ронанда тамоми шароит дар дохили кабина фароҳам оварда шуда, кабина бо кондитсионер ва радио муҷҷаҳаз гардонда шудааст, ки ронанда ҳангоми кор эҳсоси хастагӣ намекунад. Комбайнҳо ба муштариён ба муддати то 6 сол ба иҷораи молиявӣ дода мешаванд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх