(+992 44) 600-58-58

MON - SAT 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Фаъолияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар 8 моҳи соли 2024

   Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ҳашт моҳи соли 2024 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 27 641 426 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 2 826 233 сомонӣ, аз Марказҳои хизматрасонии техникӣ 758 845 сомонӣ,  маҷмуан ба маблағи 31 226 504 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 179 442 сомонӣ зиёд мебошад.

   Дар ин  давра  Корхона аз  ҳисоби  маблағҳои  хоҷагидорӣ ва  буҷетӣ 101 адад техника ба маблағи 28 724 090 ва 251 адад таҷҳизоти гуногунтамға ба маблағи  8 971 482 сомонӣ, маҷмуан ба  маблағи 37 695 572 сомонӣ  харидорӣ

намуда, мавриди истифодаи кишоварзон қарор додааст.

   Дар давраи ҳисоботӣ ба 184 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ба тариқи  шартномаи  иҷораи молиявӣ  (лизингӣ)  82 адад тракторҳои гуногунтамға ва 312 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 32 789 131 сомонӣ дар асоси дархосташон ҷудо намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2 288 865 сомонӣ зиёд аст. 

   Ҳисоботҳои молиявии Корхона ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо, инчунин санадҳои бонкӣ ба вазорату ташкилоту идораҳои дахлдор ба тариқи электронӣ пешниҳод карда шуда, Раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо, Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) пурра ба шакли электронӣ гузаштааст.

   Корхона бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла бо ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис”, ҶСК “Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот” ва ҶШСП “ТоҷИрон” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас менамояд.

   КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла комбайнҳои ғалладарав, тракторҳои тасмачархи пуриқтидор ва мошинолотҳои соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешида, барои минбаъд саривақт ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ, гузаронидани шудгори босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои киштшаванда, махсусан омода намудани замин ба  кишти такрорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ШНТҶ комбайнҳои ғалладарав ва тракторҳои тасмачархи пуриқтидорро аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусу Чин ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор додааст. Инчунин барои кишти босифат ва дақиқи пахта миқдори зарурии тухмипошакҳои зериплёнкагии пахтаро ворид намуда, ба шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ШНТҶ равон намуда, оид ба тарзи дурусти истифодабарии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор бо хоҷагидорон бо иштироки мутахассисони инженер-техникӣ ва кормандони соҳавӣ семинарҳои омӯзишӣ доир намуда, пахтакоронро бо ин навъи таҷҳизот ба тариқи амалӣ шинос намуд.

   Таҷриба нишон дод, ки тавассути тухмипошаки зериплёнкагӣ кишт намудани пахта натиҷаҳои мусбат дода, афзоиш ва нашъунамои пахта дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Спитамен, Фархор, Восеъ ва Бобоҷон Ғафуров нисбат ба ноҳияҳое, ки бо тухмипошаки муқаррарӣ кишт намуда буданд, бамаротиб хуб буда, пахтакорон тибқи пешгӯиҳо умедворанд, ки аз ҳар гектар 50-55 сентнерӣ ҳосил ба даст меоваранд. Дар заминҳои тавассути ин тухмипошак киштшуда алафҳои бегона умуман нарӯида, кори дастии хушова кардан пурра аз байн бардошта шудааст. 

   Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шудгори босифат тракторҳои тасмачарх харидорӣ менамояд, вале ин навъи тракторҳо бинобар сабаби гаронии нархашон саривақт ба гардиш дароварда намешаванд ва маблағҳои  масрафшуда самараи дилхоҳ  намедиҳанд. Бинобарин, хуб мебуд агар тракторҳои тасмачарх аз ҳисоби лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ харидорӣ мегардид, дар ин сурат мо имконияти бештаре барои  харидории  тракторҳои чархдор ва мошинолотҳои соҳавии кишоварзӣ пайдо мекардем ва аз  ин ҳисоб подоштҳои лизингӣ  зиёд гардида, ҷиҳати харидории минбаъдаи техникаю таҷҳизот заминаи хубе фароҳам мегардид.

   Корхона бариловаи харидорию ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва қисман маблағҳои буҷетӣ барои Марказҳои хизматрасонии техникии амалкунанда, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ, Вахш, Темурмалик, Лахш, Тоҷикобод,  Кӯҳистони Мастчоҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон ва Шуғнон офисҳои корӣ ва устохонаҳои таъмириро сохта, онҳоро бо дастгоҳҳои таъмирӣ муҷаҳҳаз намуда, шароит фароҳам овардааст, ки техникаю таҷҳизоти аз кормонда дар ҳудудҳои ин шаҳру ноҳияҳо таъмир ва ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шуда, кори  деҳқонон бамаротиб осон  карда мешавад. 

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Tajikagroleasing | © 2016

Наверх