(+992 44) 600-58-58

ПН - СБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ҷамъбасти натиҷаҳои молиявии Тоҷикагролизинг дар моҳи январи соли 2024

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани барномаи озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфт намудани қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор корҳои назаррасеро анҷом дода истодааст.

Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар моҳи январи соли 2024 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 2 321 869 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 240200 сомонӣ, аз Марказҳои хизматрасонии техникӣ   54760 сомонӣ,  маҷмуан ба маблағи 2 616 829 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар ин  давра  Корхона аз  ҳисоби  маблағҳои  хоҷагидорӣ ва  буҷетӣ 5 адад  техника ба  маблағи 1 520 000  ва 12  адад  таҷҳизоти  гуногунтамға ба маблағи 569000,  маҷмуан  ба   маблағи  2 089 000   сомонӣ харидорӣ намуда, мавриди истифодаи кишоварзон  қарор додааст.

Дар моҳи январи соли 2024 ба 28 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ба  тариқи  шартномаи  иҷораи молиявӣ  (лизингӣ) 8 адад тракторҳои гуногунтамға ва 30 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 3 114 600 сомонӣ дар асоси дархосташон ҷудо намудааст.  

Ҳисоботҳои молиявии Корхона ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо, инчунин санадҳои бонкӣ ба вазорату ташкилоту идораҳои дахлдор ба тариқи электронӣ пешниҳод карда шуда, Раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо, Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) пурра ба шакли электронӣ гузашта, шахсони масъул дар ҳоли баланд бардоштани донишҳои худ дар ин замина ҳастанд.

Корхона бо корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла бо ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис”, ҶСК “Сомон-Кӯлоб-таҷҳизот” ва ҶШСП “ТоҷИрон” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас менамояд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои тасмачархи пуриқтидор тадбирҳои мушаххас андешида, барои минбаъд гузаронидани шудгори босифат ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои киштшаванда, махсусан омода намудани замин ба  кишти пахта ва дигар зироатҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ШНТҶ тракторҳои тасмачархи пуриқтидорро аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорусу Чин ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор додааст.

Боиси хушҳолист, ки имрӯзҳо хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ШНТҶ аз тракторҳои тасмачархи пуриқтидор самаранок истифода мебаранд. Роҳбарияти Корхона ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор мактуб ирсол намуда, истифодабарии тракторҳои тасмачархро дар заминҳои пахта пешниҳод намуда, хостори ҳамкорӣ намудааст. Оид ба ин масъала ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодабарии тракторҳои тасмачарх дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.           

Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шудгори босифат тракторҳои тасмачарх харидорӣ менамояд, вале ин навъи тракторҳо бинобар сабаби гаронии нархашон саривақт ба гардиш дароварда намешаванд ва маблағҳои масрафшуда самараи дилхоҳ намедиҳанд.Бинобарин, хуб мебуд агар тракторҳои тасмачарх аз ҳисоби лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ харидорӣ мегардид, дар ин сурат мо имконияти бештаре барои харидории тракторҳои чархдор ва мошинолотҳои соҳавии кишоварзӣ пайдо мекардем ва аз ин ҳисоб подоштҳои лизингӣ зиёд гардида, барои харидории минбаъдаи техникаю таҷҳизот заминаи хубе фароҳам мегардид.

Корхона бариловаи харидорию ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015 аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва қисман маблағҳои буҷетӣ барои Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Восеъ, Вахш, Темурмалик, Лахш, Тоҷикобод,  Кӯҳистони Мастчоҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон ва Шуғнон офисҳои корӣ ва устохонаҳои таъмириро сохта, онҳоро бо дастгоҳҳои таъмирӣ муҷаҳҳаз намуда, шароит фароҳам овардааст, ки техникаю таҷҳизоти аз кормонда дар ҳудудҳои ин шаҳру ноҳияҳо таъмир ва ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шуда, кори  деҳқонон бамаротиб осон  карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият намуда истодаанд.

Масъалаи муҳим дар шароити рӯз нарасидани механизаторон ва комбайнёрҳои ҳирфаӣ маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Корхона тасмим гирифтааст, ки дар базаи Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои пилотӣ курсҳои омодасозии механизаторону комбайнёрҳоро созмон диҳад. Бо ин мақсад ба таври расмӣ ба вазорату ташкилотҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳое, ки дар Марказҳои хизматрасонии техникиашон пойгоҳҳои таъмирӣ сохтааст, мактуб ирсол намуда, мусоидати ҳамкориҳоро дар ин самт хоҳиш намудааст. Бо мақсади ҳалли масъалаи мазкур аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ба кор даровардани устохонаҳои таъмирӣ дар омода намудани мутахассисон ба раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои болозикр дастур медоданд.

Мушкилоти дигаре, ки то имрӯз дар рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ, харидорию таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ монеаҳо ба вуҷуд меоварад, аз ҳисоби маблағҳои бозгашт ва қисман буҷетӣ сохтани устохонаҳои таъмирӣ ва офисҳои кории Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки агар мо дар оянда маблағҳои бозгашт ва буҷетиро барои сохтмони офисҳо ва устохонаҳои таъмирӣ ва харидории дастгоҳҳои таъмирӣ масраф намоем, минбаъд техника ва таҷҳизотҳоро ба қадри кофӣ харидорӣ ва талаботи хоҷагиҳои деҳқониро таъмин карда наметавонем, зеро барои ин корҳо маблағҳои калон масраф мегардад. Мехостам оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шуда, хуб мебуд агар минбаъд сохтмони офисҳои корӣ ва устохонаҳои таъмири Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи сармоягузориҳои лоиҳавӣ тавассути Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар лоиҳаҳои дастгирии соҳаи кишоварзии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта ба инобат гирифта мешуд.

Дар асоси таъкидҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандон курсҳои кӯтоҳмуддати забони англисиро ташкил намуда, соли сеюм аст, ки дар ду баст пас аз соати корӣ кормандон ба омӯзиши забони англисӣ машғул гардида, савияи забондониашонро пайваста баланд мебардоранд. Инчунин барои дастгирии ҷавонон иқдомҳои амалӣ андешида, чор нафар занону ҷавонписарони фаъоли Корхона дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишкадаҳои соҳавӣ таҳсил менамоянд.

     Корхона бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бозгашти маблағҳои лизингӣ техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон, аз ҷумла тракторҳои пурқудрати чархдору тасмачархро ворид намуда, дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дар ихтиёрашон қарор медиҳад.  

Оставить свой отзыв

Ваш электронный адрес не будет опубликован.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх