(+992 44) 600-58-58
ДШ - ШБ 9:00 - 18:00
info@tajikagroleasing.tj
Комбайни тасмачархи шолидарави навъи KLAAS шарики боэътимоди хоҷагиҳои деҳқонии хурду миёна буда, дар мавридҳои зарурӣ метавонад ҳосилро аз замини кишт бидуни талафот ғундорад. KLAAS ончунон боэътимод, муассир ва коршоям аст, ки дар майдонҳои кишти шолизор, ки аксаран намнок аст, бе ҳеҷ мамониат ҳаракату кор карда метавонад. Қисматҳои техникии комбайни мазкур дар кишвари Олмон истеҳсол гардида, тули солиёни зиёд аз санҷиш гузашта ва минбаъд низ рушду инкишоф меёбад. Аксаран деҳқонон онро дар майдони шолизор истифода бурда, талафоти ҳосил 0% ро ташкил медиҳад. Ин навъи комбайнҳо аввалин маротиба ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки истифодабарии комбайнҳои мазкур минбаъд кори шоликорони кишварро ба маротиб осон карда, ҳосили парвариш гардида саривақт ва бидуни талафот ҷамъоварӣ карда мешавад.
Хоҷагиҳои деҳқонии кишвар новобаста аз шакли моликияташон метавонанд барои дарёфт намудани комбайнҳо ба идораи КВД “Тоҷикагролизинг” шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, воқеъ дар дохили бинои “Тоҷикфилм” муроҷиат намоянд ва ё тавассути телефони (992 44) 600 58 58 дар тамос шаванд.