(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ФАЪОЛИЯТИ “ТОЧИКАГРОЛИЗИНГ” ДАР 9 МОХИ СОЛИ 2019

Корхонаи воњиди давлатии ҷумњуриявии «Тоҷикагролизинг» дар              9 моҳи соли 2019 ҷињати иҷрои дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон 22.12.2017 баён доштанд, Ќарори Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани амнияти озуќавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказњои хизматрасонии техникї, дастрас намудани техника ва таҷњизоти кишоварзї, гузаронидани амалиётњои иҷораи молиявї (лизингї) ва хизматрасонии техникї ба хоҷагињои дењќонї (фермерї) дар шањру ноњияњои ҷумњурї, тањияи лоињањо оид ба дарёфт намудани ќарзњои имтиёзнок аз ташкилоту бонкњои сармоягузор корњои назаррасеро анҷом дода истодааст.

Ба Корхона дар дар ин муддат аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингї)  23 271 650 сомонї, подоштҳои лизингї 3 255 400                       сомонї, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 744 500 сомонї, маҷмуан ба маблағи 27 271 550 сомонї ба Корхона ворид гардидааст.

Дар ҳамин давра ба 184 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурї ва шахсони инфиродӣ бо тариқи шартномаи иҷораи молиявї (лизингї) 87 адад тракторҳои гуногунтамға ва 210 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 23 500 400 сомонї харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Дар нуҳ моҳаи соли 2019 Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ 120 адад техникаҳои гуногунтамға ва 409 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 31 123 026 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст. Аз ҷумла дар ҳамин давра танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 53 адад тракторҳои МТЗ 82.1, МТЗ 80Х ва 115 адад мошинолоти гуногунтамғаи кишоварзиро ба маблағи 15 000 000 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Айни њол дар 59  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурї Марказҳои хизматрасонии техникї фаъолият менамоянд, ки  ба онњо 196 адад техникањои гуногунтамѓа ва 919 адад таҷњизот ба маблаѓи  28 807 272 сомонї вобаста карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ Корхона ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таъмин намудани онҳо бо офисҳои корӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ мабалағҳои заруриро ҷудо намуда, сохтмони биноҳои идории Марказҳо оғоз гардиданд. Аз ҷумла барои сохтмони офисҳои кории КФ “Бадахшонагролизинг”1 000 000 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Балҷувон 300 ҳазор сомонӣ, Данғара 500 ҳазор сомонӣ ва Темурмалик 800 ҳазор сомонӣ, шаҳри Истаравшан 100 000 сомонӣ ҷудо карда шуда, сохтмон тибқи нақшаи тасдиқгардида босуръат идома дорад. Корхона тасмим дорад, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва базаҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад.

Корхона дар ин давра дархосту талаботи зиёда аз 210 хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳуриро барои ба даст овардани техника ва мошинолотҳо омўхтааст, ки то имрўз ин хоҷагиҳо ба 190 адад тракторҳои тамѓањои гуногуни МТЗ, 195 адад испор, 55 адад мошинолоти соҳаи картошка, 40       адад тойбанд, 50 адад алафдаравак ниёз доранд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бобати амалї намудани дархостҳои хоҷагиҳои зикргардида оид ба таъмин намудани онҳо бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тамоми чораҳоро андешида, то имрўз бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷї ҷиҳати дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқоту вохўриҳо гузаронидааст.

Ҷихати ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани воридоти техника ва тачҳизоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти Корхона бо намояндагони босалоҳияти ОАО «Росэксимбанк», “Композитгрупп”-и Федератсияи Россия, Фонди Арабистони Саъудӣ, Бонки Рушди исломии Кувайт ва Ширкати олмонии “Агролис” мулоқот анҷом дода, оид ба дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ лоиҳа пешниҳод намуд, ки дар ҳоли баррасӣ ва омӯзиш қарор доранд. Инчунин лоиҳаи пешниҳоднамудаи Корхона оиди ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) бобати дастгирии хоҷагиҳои дехқонӣ ва мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Агентӣ пазируфта шуда, имрӯзҳо намояндагони онҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо сафар намуда, талаботи хоҷагиҳо ва Марказҳои хизматрасонии техникиро ба техникаю тачҳизоти зарурӣ омӯхта истодаанд.

Роҳбарияти Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон оид ба дастгирии корхонаҳои ватанӣ иброз дошта буданд, бо маќсади дастгирии корхонањои истењсолии ватанї, солимгардонии вазъи истењсолот, зиёд намудани истењсоли мањсулотњои гуногуни техника ва таҷњизоти соњаи кишоварзї бо корхонаҳои истеҳсолии таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкории зич намуда истодааст.

Корхона ҷињати ташкил ва мукаммал намудани Марказњои хизматрасонии техникї дар тамоми шањру ноњияњои ҷумњурї бо истифода аз маблаѓњои гардишї бо КВД «Коргоњи мошинсозї», КВД «Авторем», ҶСК  «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш» оид ба харидории таҷњизоти ватанї аз ќабили картошкашинонак, картошкаканак, испорњо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкўбак шартномаи њамкорї бастааст. Аз ҷумла бо ҶСК «Сомон-Кӯлоб-тачҳизот» барои харидории таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ» ба маблағи 606 ҳазор сомонӣ, бо ҶСШП «Новсельмаш» ба маблағи 341 ҳазор сомонӣ ва бо ҶСШП «Агротехсервис» ба маблағи 1300 000 сомонӣ барои харидории техникаю мошинолоти кишоварзӣ шартнома баста, қисмате аз мошинлотҳои зикргардидаро дастрас намудааст.

Роҳбарияти Корхона ба ҷуз аз вазифаҳои мустақими ба душдоштааш дар корҳои ҷамъиятии сатҳи ҷумҳуриявидошта иштирок намуда, супоришҳои гузошташударо босифат ва дар муҳлати муайян иҷро менамояд. Дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №98-ф аз 20  ноябри соли 2018 роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагро-лизинг» вазифадор гардида буд, ки боз як варзишгоҳ, бозии кӯдакона ва истироҳати пиронсолонро дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, назди биноҳои истиқоматии №№42,44,46 сохта, мавриди истифодаи сокинон қарор диҳад. Сохтмони майдончаи варзишӣ бо сифати баланд саривақт сохта шуда, пас аз қабули комисияи давлатӣ мавриди истифодабарии сокинони биноҳои мазкур қарор гирифта, маросими ифтитоҳи он тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Ёдовар бояд шуд, ки ин сеюмин варзишгоҳ аст, ки Корхона дар давоми  ду соли ахир сохта, мавриди истифодабарии сокинони пойтахт қарор додааст.

Инчунин, бо мақсади таъмин намудани банди 11-и «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1141 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати оммавӣ гардондани «Иди каду», «Иди харбузаю тарбуз», «Иди ангур», «Иди себ» ва дигар идҳои пешбинигардида дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, васеъ тарғиб намудани он барои зиёд намудани майдони кишти онҳо, баҳамоӣ ва паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ байни хоҷагидорон ва деҳқонони ҷумҳурӣ оид ба парваришу истеҳсоли полезиҳо, зироатҳо ва меваҷоти мазкур дар идҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, барои саҳми фаъол ва ташкили чорабиниҳо ба гирифтани мақомҳои намоёну ҷоизаву сипосномаҳои Вазорати кишоварзӣ сазовор гардидааст.

Зимни сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ШНТҶ фаъолона ширкат варзида, Марказҳои хизматрасонии техникиро бо муосиртарин техникаю мошинолоти кишоварзӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардонда, шароит фароҳам овард, ки кори дастӣ аз байн бардошта шуда, иҷрои корҳои кишоварзӣ ба таври механикӣ анҷом дода шавад. Инчунин дар бунёди боғу токзорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ техникаю мошинолотҳоро сафарбар намуда, дар нарм кардани байни қатори дарахтон, тоза намудани навдаҳои онҳо ба воситаи техникаю мошинолот саҳми фаъол гирифт.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзї, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровон намудани маҳсулоти кишоварзї  дар бозор аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ саривақт техника ва таҷҳизоти ҳозиразамонро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор медиҳад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх