(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

(Русский) Ситоди доимоамалкунанда оид ба шудгору кишти тирамоҳӣ

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгору кишти тирамоҳӣ бо маром оғоз гардида, деҳқонон ният доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шудгору киштро ба сомон расонанд. Бо ин манзур дар мавзеи Баҳористон, дар хоҷагии «Њисор»-и ҷамоати деҳоти Ѓалабаи ноҳияи Данғара семинар машварат оид ба кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ доир гардид, ки дар он муовини Сарвазири Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, Вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ, директори институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидзода Раҳмон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода, корманди институти хокшиносӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Сангинбой Сангинов, директори Маркази илмии механиконии кишоварзӣ ва технологияҳои иноватсионӣ Мамадҷон Сафаров, директори Маркази илмии ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ Љамшед Толиҳов, олимони соҳаи кишоварзӣ  ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед Тоҳир иштирок ва суханронӣ намуда, ба деҳқонон омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, моҳият ва афзалияти кишти тирамоҳӣ, инчунин истифодабарии самараноки техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзиро ба таври илмию дақиқ фаҳмонданд.

Директори «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф Акрам дар семинари машваратӣ оид ба истифодаи самараноки техникаю мошинолоти муосири гуногунсоҳа суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки «Тоҷикагролизинг» ҳамеша омода аст хоҷагидорону деҳқононро бо техникаю таҷҳизоти заруриашон таъмин намояд. Њоло дар амбори корхона дилхоҳ техникаю таҷҳизот мавҷуд аст, ки деҳқонон метавонанд аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Корманди институти хокшиносӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ Сангинбой Сангинов оид ба релефи заминҳои мавзеи Олимтой ва омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо суханронӣ намуда, зикр намуд, ки вазифаи асоси олимони соҳаи кишоварзӣ аз он иборат аст, ки тухмиҳои серҳосилро ихтироъ намуда, кӯшиш бояд намуд, ки бо додани нуриҳои нитрогенӣ ба замин ва кишти тухмиҳои серҳосил минбаъд аз хориҷи кишвар камтар гандуми ғизиро ворид намуда, Тоҷикистонро ба кишвари содиротӣ дар соҳаи зироатҳои ғалладонагӣ табдил бояд дод ва дар таъмини амнияти озукавории мамлакат саҳми шоиста гузошт. Барои амалӣ гардондани ин ҳадафҳо тамоми шароитҳои мусоид фароҳам аст.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар ин шабу рӯз бо мақсади ҳар чи зудтар анҷом додани шудгору кишти тирамоҳӣ аз тарафи роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ситоди шабонарӯзӣ таъсис дода шуда, бо ин мақсад беш аз 40 адад тракторҳои пурқудрати шудгоркунандаи чархдору тасмачрх аз Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Фархор, Мирсаид Алии Њамадонӣ, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб сафарбар карда шуд. Дар семинари машваратӣ инчунин тухмипошакҳои бисёрсоҳаи муосири навъи «Амазон» ва «СЗ-3,6», истеҳсоли давлати Олмон ва Федератсияи Россия, ки тамоми навъи тухмиҳои ғалладонагиро ба таври дақиқ кишт менамоянд, ба маърази намоиш гузошта шуда, пас аз шудгору мола кардани замин тавассути ин мошинолот кишт оғоз гардид.

Шудгору кишти тирамоҳӣ бо тасияи олимони соҳаи кишоварзӣ тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, пас аз шудгор заминҳо мола ва тахту ҳамвор карда шуда, дар як замон тавассути тухмипошакҳои муосир кишти ба роҳ монда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки намнокии замин ҳифз карда шуда, тухмӣ дар муддати кӯтоҳ аз зери хок рӯйида, дар масими зимистон решаашро мустаҳкам намояд ва заминаи хуберо барои ҳосили баланд эҷод намояд.

Дар семинар беш аз 30 намуд тухмиҳои зиротаҳои ғалладонагӣ, ки ҳосилнокиашон хеле баланд аст, инчунин нуриҳои минералӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба маърази намоиш гузошта шуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонда шуд.

Директори Корхонаи воҳиди давлатӣ дар назди Агентии таъминоти амволи махсуси Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки боду ҳавои мусоиди имсола ба хоҷагидорон имконият дод, ки шудгору киштро нисбат ба соли гузашта барвақттар оғоз намуда, заминаи хуберо барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ фароҳам оваранд. Мавсуф таъкид намуд, ки соли гузашта аз ин заминҳо 20-25 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд, имсол бошад ният доранд, ки ҳосилнокиро дар заминҳои лалмӣ ба 30 сентнер расонанд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх