(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Мошини куракғундори “СКО 2,4”

Мошини кӯракғундор, ки ба трактор васл карда мешавад, барои ҷамъоварии боқимондаи ҳосили пахта пешбинӣ гардидааст.  Он одатан пас аз ду маротиба чидани пахта тавассути мошини пахтачинӣ ва як маротиба чидани пахтаи рехташуда ба ҷамъоварии кӯраки боқимонда шуруъ мекунад. Дастгоҳҳои корӣ ба воситаи чархи интиқоли вали ҳаракаткунанда ба кор медароянд. Дастгоҳи корӣ аз ду ғилдиракчаи ба шакли муайян даровардашуда ва ду винт ба самти ҳаракат насб шудааст. Ғанигардонанда барои пешакӣ тоза кардани  кӯракҳо ё пӯсти кӯрак аз пахта ва тоза намудани пахта аз онҳо пешбинӣ гардидааст. Вақте, ки агрегат дар майдон ҳаракат мекунад, кӯракҳо ба роллерҳои тахтаи ба шакли муайян даровардашуда дучор шуда, пахтаро аз ғӯза ҷудо мекунад.  Роллерҳо пахтаро аз ғӯзаҳо ҷудо мекунанд ва онҳоро ба ду  қубурчаҳо мепартоянд. Мошини кӯракғундор аз рӯи ду технология, схемаҳо кор мекунанд: кӯракҳои пахтаи дорои намӣ беш аз 35% фавран ба дегхонаи дастгоҳ дода мешаванд).

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх