(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” боғи ангур бунёд менамояд

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар ноҳияи Хуросон дар майдони 150 гектар барои бунёди боғи ангур техникаю таҷҳизоти заруриро сафарбар намуда, замини солҳо бекорхобидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ шудгор намуда, ба воситаи пармакунакҳои тракторӣ барои шинонидани ниҳолони ангур чуқуричаҳо кофта, барои шинонидани ниҳолҳои ангур шароити заруриро фароҳам овард.

Имрӯзҳо шинонидани ниҳолони мазкур дар мавзеи зикргардида пурра ба анҷом расонида шудааст. “Тоҷикагролизинг” барои бунёди боғ ва сохтмони чойлобҳои ангур низ саҳм гирифта, рӯзҳои наздик техникаҳояшро барои ин кор сафарбар хоҳад намуд.

Ангурбоғи мазкур дар мавзеи хеле хушобу ҳаво ҷойгир шуда, дар майдони 150 га. зиёда аз 45000 ниҳолони ангур шинонда шудааст, ки тибқи тахминҳои агрономҳо баъди 5 сол ба

ҳосилдиҳӣ шурӯъ хоҳад кард.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх