(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Семинарҳои машваратӣ

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ҳамасола дар Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани техникаю таҷҳизотҳо семинарҳои омӯзишӣ гузаронда, тарзи истифодабарии техникаҳои муосир ва ихтироънамудаи кормандони инженерғтехникиро ба деҳқонон мефаҳмонанд.

Дар семинар таҷҳизотҳои ихтироънамуда, аз ҷумла грейдерҳо, испорҳо, наҳрканҳо, чизелғкултиваторҳо, ки дар устохонаҳои таъмирии Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳо сохта шудаанд, ба намоиш гузошта шуда, пас аз анҷоми семинар дар заминҳои кишт озмоиш карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар дар устохонаҳои таъмирии ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Лахшу Тоҷикобод соли чорум аст, ки ихтироъкорон таҷҳизот истеҳсол намуда, бо нархҳои дастрас ба хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод менамоянд. Таҷҳизотҳои ихтироънамуда аз нигоҳи сифату кайфият пурра ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, харидорони зиёде дорад.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар назди худ мақсад гузоштааст, ки дар ҳамаи Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ устохонаҳои таъмириро сохта, шароит фароҳам оварад, ки техникаю таҷҳизоти корношоям дар ин устохонаҳо таъмир карда шаванд. Ин кор барои деҳқонон хеле фоидаовар буда, барои таъмири техникаю таҷҳизот онҳо ба дигар шаҳру ноҳияҳо нарафта, дар ҳамин ҷо таҷҳизотҳояшонро таъмир карда, вақти гаронбаҳои худро сарфа менамоянд.

                       

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх