(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Пешгирии бемории коронавирус ва кумак ба аҳолии шаҳри Душанбе

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар давраи пандемияи коронавируси COVID-2019 Ситоди дохилиидоравиро таъсис дода, аъзоёни Ситодро дар ҳайати 15 нафар вобаста намуда, шахсони масъули Корхонаро ба маҳалаҳои ҷои зист дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе-маҳаллаҳои Айнӣ, Бинокорон ва гузаргоҳи 2-уми Бинокорон сафарбар намуда, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъалаҳои ба таҳлука наафтодани аҳолӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, риоя намудани фосилаи 1,5 метр ҳангоми гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сӯҳбат бо одамон, пӯшидани ниқоб дар берун аз хона ва ҷойи кор, мунтазам шӯстани дастон бо собун, аз ду се нафар зиёд нашудани  одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фаҳмондани роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар даромадгоҳҳои хонаҳо, тоза кардани ҳуҷраҳои манзилҳо ва ҳавлиҳои истиқоматӣ таъкидҳои ҷиддӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ барои бошандагони 29 бинои истиқоматӣ, ки дорои  745 хоҷагӣ мебошанд ва 931 оиларо дар бар гирифта, 2893  нафар  сокинонро ташкил медиҳанд, 2000 адад ниқоб, 200 кг хлор, 800 адад антисептикҳо, 300 адад зарфи собуни моеъ, 800 дона собуни ҷомашӯӣ ҷиҳати истифодабарӣ дода шуда, боз ба 14 нафар ашхоси камбизоати маҳалаҳои зикргардидаи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва қисман аз ҳисоби маоши кормандони Корхона кумаки молиявӣ расонда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх