(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ифтитоҳи Маркази сервисию таъмирӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ аз соли 2008 то имрӯз дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  Марказҳои хизматрасонии техникиро таъсис дода, бо техникаю таҷҳизоти зарурии соҳаи кишоварзӣ таъмин намудааст. Аз давраи фаъолият то имрӯз ба Марказҳои хизматрасонии техникии амалкунандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 319 адад техникаҳои гуногунтамға ва 3027 адад таҷҳизот ба маблағи 75 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон санаи 18.08.2020 туҳфаи хубе  ба сокинони ноҳия гардида, боиси хушҳолии деҳқонон ва хоҷагидорон гардид, зеро маҳз тавассути дастгирии Маркази мазкур иҷрои тамоми корҳои кишоварзӣ саривақт ва босифат анҷом дода шуда, корҳои дастӣ пурра аз байн бардошта мешавад.

Боиси хушнудист, ки имрӯз Маркази хизматрасонии техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби бинои маъмурӣ гардида, дар базаи он пойгоҳи таъмирию сервисӣ сохта шуда, сехҳои кафшергарӣ, оҳангарӣ, харротӣ, вулканизатсия, стенди таъмири насосҳои сӯзишворӣ, утоқи истироҳати механизаторон, ошхона, ҳаммом ва ғайраҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Сохтмончиёни бинои идорӣ ва таъмирию сервисии Марказро бо риояи қоидаҳои меъморӣ барои нигоҳ доштани техникаю таҷҳизоти мавҷуда ва таъмири онҳо, ки дорои амбору боксҳои стандартӣ мебошад,  сохта, ки минбаъд техникаю таҷҳизот дар ҳавои тафсону боронӣ нигоҳ дошта нашуда, дар ҳамин ҷо таъмир ва ба кор омода намудани онҳо саривақт анҷом дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки механизаторон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ минбаъд техникаю таҷҳизотҳои худро дар пойгоҳи таъмирию сервисии мазкур таъмир намоянд.Солҳои пеш бо тай намудани масофаҳои зиёд ва хароҷоти иловагӣ механизаторону деҳқонон ба шаҳру ноҳияҳои Бохтару Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ рафта, барои таъмир намудани қисмҳои аз кор баромада, аз ҷумла насосҳои сӯзишвории техникаю таҷҳизотҳояшон ҳафтаҳо саргардону сарсон мешуданд. Њоло ин мушкилот пурра аз байн бардошта шуда, хоҷагидорони ноҳияҳои ҳамсоя метавонанд аз хизматрасонии техникии Маркази мазкур ба хубӣ истифода намоянд.

Роҳбарияти “Тоҷикагролизинг” барои омода намудани кадрҳои варзида, ки минбаъд бояд қисмҳои азкорбаромадаи техникаю таҷҳизотҳоро таъмир намоянд,  дар Маркази мазкур курсҳои омӯзишӣ ташкил намуда, беҳтарин мутахассисони инженер-техникиро бо ин мақсад сафарбар намудааст.

“Тоҷикагролизинг” то имрӯз дар зиёда аз 15 Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пойгоҳҳои сервисию таъмириро мавриди истифодабарӣ қарор дода, тасмим дорад, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони офисҳои корӣ ва базаҳои таъмирию сервисиро марҳила ба марҳила ба сомон расонад ва фаъолияти Марказҳои хизматрасонии техникиро ҷиҳати иҷрои тамоми корҳои кишоварзӣ вусъат бахшад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх