(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КФ “БАДАХШОНАГРОЛИЗИНГ”

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии КФ “Бадахшонагролизинг”-ро дар маркази ноҳияи Шуғнон бо иштироки Директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф Акрам ва муовини аввали раиси вилояти Бадахшон расман ифтитоҳ намуд. Сохтмони бинои маъмурии КФ “Бадахшонагролизинг” бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, аз ду ошёна ва 6 утоқи корию маишӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якум утоқҳои идорӣ ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои маишӣ ҷойгир шуда, ҳам барои кор ва ҳам барои истироҳати механизаторону меҳмонон мусоид мебошад.

Мавриди зикр аст, киғайр аз бинои мазкур боз сехҳои кафшергарӣ, челонгарӣ, стенди таъмири насосҳои сӯзишворӣ, вулканизатсия, балансировкаи чархҳо ва ғайраҳо сохта шуда, имконият фароҳам оварда шудааст, ки минбаъд техника ва таҷҳизотҳое, ки корношоям мегарданд, дар устохонаи таъмирии сохташуда таъмир карда шаванд. Бояд гуфт, ки механизаторони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон солҳои пеш барои таъмири насоси сӯзишворӣ роҳи зиёдеро тай намуда, ба шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ меомаданду тафҳизоти корношоми худро таъмир менамуданд. Ҳоло ин мушкилот аз байн рафта, таҷҳизоти корношоям дар худи устохонаи таъмирии КФ “Бадахшонагролизинг” таъмир карда мешаванд, ки ин кори механизаторонро бамаротиб осон намуда, масрафҳои зиёдатӣ намекунанд.

Дар айни ҳол дар 7 шаҳру ноҳияҳои ВМКБ Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки ба онҳо ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ техникаю мошинолоти кишоварзӣ вобаста карда шудааст.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодагии худро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ эълон намуда, мекӯшад, ки хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Бадахшонро бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) таъмин намояд.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх