(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Тракторҳои тасмачарх ворид гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” тракторҳои тасмачархи тамғаи ЮТО-1302-ро ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Тракторҳои тасмачарх барои шудгори заминҳо хеле зарур буда, қобилияти дар чуқурии то 40-45 см шудгор карданро доранд. Ин навъи тракторҳо дар байни хоҷагидорону кишоварзон маъруф буда, соли дуюм аст, ки Корхона барои қонеъ намудани талаботи хоҷагидорон ин тракторҳоро ворид менамояд. Ҳоло хоҷагидорону кишоварзон ва шахсони инфиродӣ имконият доранд, ки аз тракторҳои тасмачарх истифода намуда, ҷиҳати дастрас намудани онҳо ба Корхона муроҷиат намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх