(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Тракторҳои хурдҳаҷм барои коркард дар боғу токзорҳо ворид гардид.

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” тракторҳои хурдҳаҷми навъи ЮТО-ро, ки барои коркард дар байни боғу токзорҳо пешбинӣ гардидааст, ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Тракторҳои ЮТО 504 ва 404 дорои 50 ва 40 қувваи асп буда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид. Бояд гуфт, ки ин навъи тракторҳо қобилияти корро дар талу тепаҳо дошта, барои боғдорон хеле муфиду қуллай аст. Хоҷагидорон ин навъи тракторҳоро писандида, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро ба иҷораи молиявӣ гирифтанд. Корхона барои қонеъ гардондани талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида воридоти ин навъи тракторҳоро ба роҳ монда, рӯзҳои наздик боз миқдори зиёде аз ин навъ тракторҳоро ба ҷумҳурӣ ворид менамояд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх