(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ДАСТОВАРДҲОИ КВДҶ “ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ” ДАР СОЛИ 2020

Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар соли ҷорӣ аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 37 148 170 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 3 999 920 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 1000700 сомонӣ, маҷмуан ба маблағи 42 148 790сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019    1 160 790 сомонӣ зиёд аст.

Дар ҳамин давра ба 340 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 142 адад тракторҳои гуногунтамға ва 329 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 37 728 635  сомонӣ харидорӣ намуда, дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3 116 455 сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 15 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки аз ин маблағҳо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ харидорӣ гардида, мавриди истифодаи кишоварзон қарор дода шудааст.

Дар соли 2020 Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 136 адад тракторҳои гуногунтамға ва 561 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро ба маблағи 40 538 663 сомонӣ харидорӣ намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 277 988 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шароити феълӣ дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ самаранок фаъолият намуда, ба онҳо 196 адад техникаҳои гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи  28 807 272 сомонӣ вобаста карда шудааст.

Корхона дар тамоми давраи соли 2020 дархосту талаботи зиёда аз 230 хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро омӯхтааст. Хоҷагидорон ба 179 адад техникаҳои гуногунтамға, 184 адад испор, 92 адад мошинолоти соҳаи картошка, 60 адад тойбанд ва 87 адад алафдаравҳо ниёз доранд.

Роҳбарияти Корхона дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалҳои моҳи ноябр 6 адад тракторҳои тасмачархро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, боқимонда 6 адади дигар рӯзҳои наздик  бо кушода шудани роҳи тиҷоратӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.

Ҷиҳати рушди Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ сохтмони биноҳои идорӣ ва пойгоҳҳои таъмириро дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Лахш, Тоҷикобод, Вахш, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом Шуғнон ва Темурмалик ифтитоҳ намуда, сехҳои он бо дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили вулканизатсия, дастгоҳҳои харротию челонгарӣ, таъмири насосҳои сӯзишворӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо  муҷҷаҳҳаз гардонда шуда, дар базаи Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Балҷувон, Данғара ва шаҳри Истаравшан сохтмонҳо идома доранд.

Роҳбарияти Корхона ҷиҳати ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷӣ- намояндагони Фонди Арабистони Саъудӣ, Бонки Рушди исломии Кувайт ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, дар ин замина лоиҳа пешниҳод намуд, ки дар ҳоли баррасӣ ва омӯзиш қарор доранд.

Роҳбарияти Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба дастгирии корхонаҳои ватанӣ корҳои самаранокро анҷом дода, бо онҳо ҳамкории зич намуда истодааст. Бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ-ядакҳои тракторӣ, картошкашинонак, картошкаканак, испорҳо, чизел култиватор, чапар, решаканак, лемех ва гандумкӯбак шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас намуда истодааст.

Корхона дар тамоми маъракаҳои ҷанбаи сиёсию иҷтимоидоштаи  ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол гирифта, супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Вазорати кишоварзиро бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Чунончӣ, соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани дарав ва захира намудани хошоки чорво дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон чораҳои таъхирнопазир андешида, ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, миқдори зарурии тракторҳои ҳозиразамони пуриқтидори бисёрсоҳа, мотоблоку алафдаравҳои механикии дискию дастӣ, тойбанду тагрезчин, коҳҷамъкунакҳо, либосҳои корӣ ва дигар лавозимоти ба дарави хошок марбутбударо ҷудо ва сафарбар намуда, дарави хошок дар вақту муҳлатҳои муайян ба анҷом расонда шуд. Инчунин барои самаранок гузаронидани семинари шудгору кишти тирамоҳӣ дар мавзеи Олимтой Ситод таъсис дода, зиёда аз 45 адад техника ва ба ҳамин миқдор таҷҳизоти заруриро сафарбар намуд.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барқияи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавируси COVID-2019 Ситоди дохилиидоравиро дар ҳайати 15 нафар таъсис дода, шахсони масъули Корхонаро ба маҳалаҳои Айнӣ ва Бинокорони ноҳияи Шоҳмансур сафарбар намуда, аснои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 2893  нафар  сокинон 2000 адад ниқоб, 200 кг хлор, 800 адад антисептикҳо, 300 адад зарфи собуни моеъ, 800 дона собуни ҷомашӯӣ  дода, ба 14 нафар ашхоси камбизоати маҳалаҳои зикргардида аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва қисман аз ҳисоби маоши кормандони Корхона кумаки молиявӣ расонда шуд.

Корхона дар маъракаи таҷлили ҷашни каду, харбузаву тарбуз ва асалу ангур ва иди Меҳргон саҳми фаъол гирифта, аз тарафи Вазорати кишоварзӣ бо диплому сипосномаҳо сарфароз гардонда шуд.

Роҳбарияти Корхона дар арафаи соли нави мелодии 2021 дар пайравӣ ба амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар ба хонаи кӯдакони ятими №1 шаҳри Душанбе ва 22 нафар ашхоси ниёзманди ноҳияи Шоҳмансур маводи ғизоӣ ва кумаки пулӣ расонд. Дар маҷмуъ, дар соли 2020 аз ҳисоби фаъолиятҳои молиявӣ ба беш аз 300 нафар оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумаки молиявӣ расонда, дар оянда низ иқдомҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти дастгирии ятимону оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа идома хоҳад дод.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх