(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Шоистаи таҳсин

Ризоев Шарофиддин Ғиёсович-Мудири Бахши рушди техникӣ ва робита ба таҳвилкунандагон, хатмкардаи факултаи инженерии Донишгоҳои аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.

Ризоев Шарофиддин Ғиёсович яке аз кормандони калидии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” маҳсуб ёфта, дар кори худ моҳир ва уҳдабаро мебошад. Мавсуф таи солҳои фаъолияташ дар истеҳсолот тавонистааст техника ва таҷҳизотҳои соҳаи кишоварзиро пурра омӯзад ва ба ҳар мушкилоте, ки дар бахши таъмиру омода намудани техникаҳо ба миён меояд, саривақт расидагӣ мекунад ва онҳоро таъмиру тармим намуда, омодаи кор месозад.

Ӯ пайваста донишҳояшро такмил дода, техника ва мошинолоти муосирро, ки корхонаҳои истеҳсолкунанда тавлид менамоянд, омӯхта, тарзи кор ва истифодабарии онҳоро дар истеҳсолот ба мутахассисони ҷавон меомӯзонад.

Ҳамасола дар Ситоди ҷумҳуриявии шудгору кишти баҳорию тирамоҳӣ саҳми фаол гирифта, таҳти роҳбарии ӯ ин маъракаи муҳим босифат ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба сомон расонда мешавад.

Ризоев Ш.Ғ. дар баробари вазифаҳои бадушдоштааш дар корҳои ҷамъиятии Корхона саҳми фаъол гирифта, дар бунёду ободсозии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ширкат меварзад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх