(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

иқтисодчӣ

 

    Ҳакимов Исмоналӣ Маҳмудович, соли таваллудаш 10.02.1962. Донишгоҳи милли Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият намуда, 12 сол аст дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар вазифаи Сардори Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) кор мекунад. Собиқаи умуми кориаш 37 солро дар бар мегирад. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд ва 16 набера мебошад.

Сардори Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) корҳои зеринро анҷом медиҳад:

-санадҳои қонунгузорӣ, меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ ва молиявӣ-иқтисодиро ба танзим медарорад; санадҳои меъёрӣ ва методикӣ, ки ба фаъолияти молиявии Корхона алоқаманд мебошад; дурнамои рушди Корхона; ҳолат ва дурнамои рушди бозори молиявӣ ва бозори фурӯши маҳсулот (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ); асосҳои истеҳсоли технология; ташкили амалиётҳои иҷораи молиявӣ дар Корхона; тартиби таҳияи нақшаҳои молиявӣ; тавозуни пешбинишаванда ва воситаҳои молиявии буҷавӣ; нақшаи амалисозии маҳсулот (хизматрасониҳои техникӣ); нақша оид ба расондани фоида; система ва усулҳои фишанги молиявӣ, ки раванди маблағгузориро таъмин менамояд; тартиби маблағгузориҳо аз буҷаи давлатӣ; гирифтани қарзҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати Корхона, ҷалби сармояҳои хориҷӣ; истифодаи воситаҳои худӣ; гузарондани маблағҳо ба буҷаи давлатӣ ва фондҳои иҷтимоии  ғайрибуҷавии давлатӣ; тартиби тақсими захираҳои молиявӣ, муайян намудани самаранокии маблағгузорӣ; ба танзим даровардани воситаҳои гардон; тартиб ва шаклҳои ҳисобҳои молиявӣ; қонунҳои андоз; стандартҳои ҳисобу китоби молиявӣ; иқтисоиёт, созмодиҳии истеҳсолот, меҳнат ва идоракунӣ; ҳисоботҳои муҳосибӣ; тартиби додани техника ва таҷҳизот ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ); қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат.

Идоракунии ҳаракати захираҳои молиявии Корхонаро ташкил намуда, муносибатҳои молиявиро, барои самаранок истифода бурдани тамоми навъи захираҳо дар давраи иҷрои кору хизматрасониҳо,  ки дар байни субъектҳои хоҷагидор ба амал омадаанд, бо мақсади ба даст овардани фоидаи ҳаддиаксарӣ ба танзим медарорад.

Дар омодасозии лоиҳаҳо, нақшаҳои амалишавии хизматрасониҳои техникӣ, сармоягузорӣ, фоидаоварии хизматрасониҳои техникӣ ширкат варзида, корҳои ҳисоби фоида ва даромади андозро роҳбарӣ менамояд.

Сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидории Корхонаро ба шумули маблағгузориҳои буҷавӣ, қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, маблағгузориҳои молиявии лизингиро муайян намуда, тадқиқот ва таҳлилҳои бозори молиявиро мегузаронад, хатарҳои молиявии имконпазирро баҳо дода, барои ҳар як аз ин сарчашмаҳо оид ба кам кардани онҳо пешниҳод таҳия менамояд.

Сиёсати сармоягузорӣ ва идораи дороиҳои Корхонаро амалӣ намуда, сохтори воқеии онҳоро муайян ва ба онҳо пешниҳоду таҳия намуда, маблағгузории самараноки молиявиро таҳлил ва баҳогузорӣ менамояд.

Воридшавии фоидаҳоро саривақт таъмин намуда, амалиётҳои молиявӣ ва бонкӣ, пардохти маблағҳои таҳвилкунандагон, қарзҳо, фоизҳо, маоши коргарон, андозҳои ҳатмӣ ва ғайраҳоро  дар муҳлатҳои муайянгардида ба фондҳои иҷтимоии ғайрибуҷавии давлатӣ ва муассисаҳои бонкӣ таъмин менамояд.

Фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории Корхонаро таҳлил намуда, дар таҳияи пешниҳодҳо, ки ба хотири таъмини пардохтпазирӣ, пешгирии ташаккул ва бартараф намудани арзишҳои моддии  истифоданашуда, баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, зиёд намудани фоида, паст кардани хароҷоти истеҳсолӣ, мустаҳкам намудани интизоми молиявӣ нигаронида шудаанд, иштирок менамояд.

Назорати иҷроиши нақшаҳои молиявӣ ва буҷавӣ, ба иҷораи молиявӣ додани техника ва таҷҳизот, нақшаҳо оид ба расондани фоида ва дигар нишондодҳои молиявӣ, тарзи дурусти истифодабарии маблағҳо ва воситаҳои гардонро назорат менамояд.

Ҳаракати баҳисобгирии маблағҳои молиявӣ ва тартиби ҳисоботдиҳиро оид ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ дар асоси меъёрҳои баҳисоботгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, эътимоднокии маълумотҳои молиявиро таъмин намуда, тартиби дуруст пур кардании санадҳои ҳисоботиро таъмин намуда, ба истифодабарандагони дохилию хориҷӣ саривақт пешниҳод менамояд.

Дар ҷамъбастҳои солона, кварталии корхона борҳо ғолиби мусобиқа гардида, бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои молиявии роҳбарияти корхона сарфароз гардонда шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх