(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Тавзеҳоти қонун

      Санаи 03.03.2021 дар толори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия-Сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсия Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод бо кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони филиалҳои КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар вилоятҳои Хатлону ШНТҶ, Сардорони Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, муқовимат бо ин падидаи шум ва фаъолияти дастаҷамъонаи кормандони соҳа баҳри пурра аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарнозири Сарраёсати муқовимат бо коррупсия Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод ба ширкаткунандагон  тамоми паҳлӯҳои қонунии мубориза бо коррупсияро тавзеҳ дода, аз кормандон даъват ба амал овард, ки дастаҷамъона бар зидди ин падидаи нанговару шум мубориза баранд.

Вохӯрӣ асосан ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт ва аҳли дар толорбудагон ба пурсишҳои худ посухҳои мусбат гирифтанд.

Тасмим гирифта шуд, ки чунин вохӯриҳо тез-тез гузаронда шуда, барои таҳкими пояҳои қонунгузории амалкунанда таҳдоби хубе гузошта шавад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх