(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Намояндагони JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти омӯзишӣ анҷом медиҳанд

Санаи 13.04.2021 намояндагони босалоҳияти Агентии Ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)  ҷаноби Шиничи Мори-роҳбари гурӯҳи таҳқиқотии JICA ва  таҳлилгари барномаҳои лоиҳаи мазкур ҷаноби Ҷумпей Суенаҷа бо роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дидору мулоқот намуда, бо фаъолияти “Тоҷикагролизинг”  ва самтҳои кори ин корхона шинос шуданд.

Ҷониби “Тоҷикагролизинг” дар шахси муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршоев Зеваршо, Директори корхона  Акрамзода Юсуф Акрам, муовинони Директор Муминов Ботирҷон ва Урозов Авлиёқул оид ба фаъолияти корхона ва нақшаҳои баъдӣ маълумоти муфассал дода, талаботи имрӯзаи хоҷагиҳои кишварро ба техникаю таҷҳизот баён намуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар давоми солҳои 2008-2020 ва семоҳаи соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ, кумакҳои ҳукуматӣ, лоиҳаҳои грантӣ ва фонди шарикӣ 2072 адад техникаҳои гуногунтамға, 5642 адад таҷҳизотҳоро ба маблағи 397 млн харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Оид ба гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо маќсади таъмин намудани секторҳои хусусӣ новобаста аз шакли моликияташон ва истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ бо захираҳои зарурии техникӣ корҳои фаъол анҷом дода шуда, бо зиёда аз 2522 хоҷагиҳои деҳќонӣ (фермерӣ) ба маблағи 316,5млн  сомонӣ шартномаҳои лизингӣ баста шуда, ба онҳо зиёда аз 2005 адад тракторҳо ба муҳлати аз 3  то 4 сол,  55 адад комбайнҳои ғалладарав ба муҳлати 5 сол, 2940  адад таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба муҳлати аз 1,5 то 2 сол ба иҷораи молиявӣ дода шудааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор хоҷагиҳои деҳќонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст, ки онҳо ба техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ сахт эҳтиёҷ доранд. Талабот ба техника ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 4,6 млрд сомонӣ (731 млн.доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Тибќи меъёрҳои муайянгардида дар Ҷумҳурӣ 18331 адад тракторҳои универсалӣ ва шудгоркунанда, 1773 адад комбайнҳои ғалладарав ва ғайраҳо намерасад.

Ҷониби JICA иброз доштанд, ки онҳо аз санаи 05.04 то 28.04 ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, ба гуруҳҳои мухталиф, аз ҷумла асотсиатсияи тоҷирон, созмонҳои донорӣ, намояндагони тоҷирони хурду миёна ва соҳибкорону хоҷагидорон вохӯда, талаботи хоҷагиҳоро ба техникаю мошинолот пурра меомӯзанд ва як таҳқиқоти калонеро анҷом медиҳанд, то дар оянда тавонанд миқдори зарурии техникаю таҷҳизотҳоро ба Тоҷикистон ворид намоянд.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх