(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Механикунонии бахшҳои кишоварзӣ вазифаи аввалиндараҷа

Механикунонии соҳаҳои кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб ёфта, бо ворид намудани техникаю мошинолоти соҳавӣ марҳила ба марҳила ҷои корҳои дастиро техникаю таҷҳизот иваз намуда, бад-ин васила истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ зиёд ва бозори истеъмолии мамлакат ғанӣ мегардад.

Бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ тавонистааст, ки таи чанд соли охири фаъолияташ тамоми намуди техникаю мошинолоти муҳими кишоварзиро аз кишварҳои Туркия, Олмон, Федератсияи Россия, Љумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон ва Чин ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии кишвар қарор диҳад.

Имрӯзҳои хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Хатлону Суғд, Бадахшону шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти кишту ҷамъоварии зироатҳои муҳими ғизоӣ-пиёзу картошка бо истифода аз мошинолоти пиёзшинонию пиёзканӣ, картошкашинонию картошкаканӣ имконият пайдо кардаанд, ки кишту ҷамъоварии ин зироатҳоро саривақт анҷом дода, барои кишти такрорӣ заминаи мусоидеро фароҳам оваранд.

Боназардошти мушкилоти деҳқонон «Тоҷикагролизинг» аз Љумҳуриҳои Белорус, Эрон ва корхонаҳои ватанӣ 353 адад картошкаканаку картошкашинонак, 17 адад култиватори картошка, аз давлати Олмону Федератсияи Россия зиёда аз 20 адад тухмипошакҳои универсалиро барои тамоми намуди  тухмиҳо аз қабили гандуму ҷав, пиёзу ҷуворимакка, юнучқаю дигар тухмиҳои ғалладонагӣ ва ба ҳамин миқдор пиёзканакро ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дода, имрӯзҳо ҷиҳати шинонидану ҷамъоварии ин ду намуд зироат мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо намудааст.

Махсусан бо ворид намудани тухмипошаки универсалии «Амазон» аз давлати Олмон, ки тамоми намудҳои зироатҳои ғалладонагӣ аз қабили юнучқа, пиёз, гандуму ҷав, ҷуворимакка ва ғайраҳоро кишт менамояд, кори деҳқонон бамаротиб осон гашта, онҳо имконият пайдо намудаанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат киштро анҷом диҳанд.

Бо истифода аз техникахои пуриқтидори шудгоркунанда замин тибқи қоидаҳои агротехникӣ дар як муддати кӯтоҳ шудгор ва тавассути кулухмайдакунак нарм карда шуда, ҳамзамон бо истифода аз таҷҳизоти заминҳамворкунак заминро ҳамвор намуда, кишти пиёз анҷом дода мешавад.

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пиёзкори ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз ин тухмипошак кишти пиёзи баҳорӣ бо маром идома ёфта, пас аз кишт дар масофаи 70 см. ҷӯякҳо кашида шуда, ҳамзамон бо додани озуқаю дигар маъданҳои минералӣ ба ҷӯякҳо об сар дода мешавад. Усули ба таври механикӣ кишту ҷамъоварии пиёз дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ ба воситаи тухмипошаки «Амазон», ки ба таври дақиқ дар як га. аз 11 то 13 кг. тухмиро мепошад, соли панҷум аст, ки ба роҳ монда шудааст.

Соли гузашта шинондану ҷамъоварии пиёз дар хоҷагиҳои дехқонии ноҳияҳои Данғара ва Рӯдакию шаҳри Ваҳдат ба воситаи техникаю таҷҳизоти соҳавӣ гузаронда шуда, деҳқонон ҳосили хубе ба даст оварданд. Бартарии ин мошинолот аз он иборат аст, ки хушова кардани алафҳои бегона на тавассути даст, ки дар як гектар то 20 нафар заҳмат мекашиданд, балки ба воситаи пошидани заҳрхимикатҳо барои нест кардани алафҳои бегона тавассути таҷҳизотҳои соҳавӣ анҷом дода мешавад. Дар як замон бо ин таҷҳизотҳо метавон ба замини пиёз озуқа дода, байниқаторҳоро нарм кард, ки ин корҳо пештар бо даст иҷро карда мешуданд. Дар натиҷаи сарфаи вақту қувваи корӣ қиммати маҳсулот арзон гардида, бозори истеъмолии кишвар аз маводи ғизоӣ таъмин мегардад.

Хурсандиовар аст, ки деҳқонон бартарии таҷҳизоти пиёзшинонию пиёзчиниро дида, имрӯзҳо барои ба даст овардани он ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» муроҷиат намуда, дарт назди худ мақсад гузоштаанд, ки дар мавсими кишту ҷамъоварии пиёз ин таҷҳизотҳоро дастрас ва  самранок истифода намоянд.

Корхонаи «Тоҷикагролизинг» боназардошти талаботи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тамоми намуди тухмипошакҳо, махсусан тухмипошаки «Амазон» ва дигар мошинолоти ба ин соҳа заруриро, ки ба он талабот хеле зиёд аст, аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва маблағҳои буҷетӣ бештар ворид намуда, иҷрои корҳои дастиро марҳила ба марҳила коҳиш дода, соҳаи кишоварзиро пурра мехникӣ намояд.

         

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх