(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

воридоти тракторҳои хурдҳаҷм

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” тракторҳои хурдҳаҷмро барои коркард дар байни боғу токзорҳо аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид намуд. Тракторҳои мазкур асосан барои боғпарварони ҷумҳурӣ пешбинӣ гардида, аз нигоҳи сифат ва кайфият дар байни кишоварзон маҳбубияти хосаеро касб намудааст. Хоҷагидорони ҷумҳурӣ барои дастрас намудни ин навъ тракторҳо ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” муроҷиат намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти маблағи муайян, ки дар Тартиби гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) пешбинӣ гардидааст, тракторҳои мазкурро дастрас намуда, дар боғу токзорҳои худ самаранок истифода менамоянд.

Қобили зикр аст, ки ин навъи тракторҳо дорои 30, 40 ва 50 қувваи асп буда, дар дилхоҳ релефи ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. Аз сӯи дигар ин тракторҳо каммасраф буда, қисмҳои эҳтиётии тракторҳои навъи ЮТО -ро метавон дар таъмири онҳо истифода намуд. Трактори мазкур бо технологияи муосир муҷҷаҳҳаз шуда, истифодабарии он хеле осон аст.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии кишвар техникаю мошинолоти зарурии онҳоро аз хориҷи кишвар харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид менамояд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дастрас намудани тракторҳои хурдҳаҷм ба идораи Тоҷикагролизинг муроҷиат намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх