(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Техникаҳоро “Тоҷикагролизинг” ҷамъу васл менамояд

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”  аз Ҷумҳурии мардумии Чин тракторҳои хурдҳаҷми дорои 22 қувваи аспро ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Ин дафъа ба хотири арзон намудани нархи онҳо тракторҳои мазкур дар шакли қисмҳои эҳтиётӣ ворид карда шуда, дар базаи таъмирии корхона ҷамъу васл карда шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки базаи таъмирию сервисии корхона чанд сол аст, ки фаъолият намуда, дар ин ҷо мутахассисони ҷавон аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ таҷриба омӯхта, дониши андухтаашонро дар амал такмил медиҳанд.

Кормандони инженер техникии корхона ба мутахассисони ҷавон нозукиҳои касби инженериро омӯзонда, дар як муддати кӯтоҳ онҳоро аз таҷрибаомӯз ба мутахассисони соҳаи техникӣ табдил медиҳанд, ки дар оянда онҳо ҳамчун мутахассисони варзида ба воя мерасанд.

Қабл аз ин комбайнҳои гандумдарав, тойбанду тагрезчин, испору ҷуқурикобакҳо, тухмипошаку картошкашинонакҳо ва чандин намуди дигари таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба шакли қисмҳои эҳтиётӣ ворид карда шуда, дар ҳамин база ҷамъу васл карда шуда, пешкаши хоҷагиҳои деҳқонӣ гардонда шуданд.

“Тоҷикагролизинг” дар оянда ҳам ин корро идома дода, техникаю мошинолоти соҳаи кишоварзиро дар шакли қисмҳои эҳтиётӣ ворид намуда, ҷамъу васлашонро дар ҳамин база анҷом хоҳад дод ва бо ин васила каме ҳам бошад нарх арзон карда шуда, дастраси хоҷагиҳои деҳқонӣ  карда мешавад.                                    

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх