(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Кишти такрорӣ оғоз шуд

Барои саривақт анҷом додани кишти такрорӣ Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” чораҳои заруриро қабл аз қабл анҷом дода, ба ин хотир тухмипошакҳои универсалии муосирро аз пешрафтатарин давлатҳои ҷаҳон ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар ихтиёри кишоварзон қарор додааст.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии ҳосили ғалларо анҷом дода, заминҳоро ҷуфт ва ба кишти такрорӣ омода намуда, аллакай кишти ҷуворимаккаро ба воситаи тухмипошакҳои бисёрсоҳаи ҳозиразамон оғоз намуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия бартарии ин тухмипошакҳоро эҳсос намуда, аз КВДҶ “Тоҷикагролизинг” онҳоро барои истифодабарӣ ба иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифта, самаранок истифода менамоянд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бинобар талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ воридоти чунин навъ тухмипошакҳоро зиёд намуда, имрӯзҳо қариб дар аксари шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ин навъ тухмипошакҳо самаранок истифода намуда истодаанд.

“Тоҷикагролизинг” дар назди худ мақсад гузоштааст, ки бо ворид намудани техника ва мошинолоти соҳаи кишоварзӣ марҳила ба марҳила кори дастиро дар соҳаи кишоварзӣ барҳам дода, солҳои баъдӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро ба таври механикӣ бо истифода аз технкаю таҷҳизоти муосир анҷом диҳад.   

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх