(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар 10 моҳи соли 2022

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли 2022 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмин намудани барномаи озуқавории мамлакат, таъсису мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфт намудани қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор корҳои назаррасеро анҷом дода истодааст.

Ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар даҳ моҳи соли 2022 аз ҳисоби гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ), Марказҳои хизматрасонии техникӣ ва подоштҳои лизингӣ маҷмуан ба маблағи 39636400 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 3731362 сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра Корхона аз ҳисоби маблағҳои хоҷагидорӣ ва буҷетӣ 137 адад тракторҳои гуногунтамға ва 504 адад таҷҳизотҳои кишоварзиро харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

 

 

 

 

Дар даҳ моҳи соли 2022 ба 318 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 134 адад тракторҳои гуногунтамға ва 378 адад мошинолотҳои кишоварзиро дар асоси дархосташон дар ихтиёри онҳо қарор додааст.

Корхона дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолияти Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ онҳоро бо 14 адад тракторҳои муосири гуногунтамғаи чархдору тасмачарх ва 39 адад мошинолоти кишоварзии соҳавӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз намуд ва ин раванд доимо дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Корхона қарор дорад.

Дар шароити феълӣ дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Марказҳои хизматрасонии техникӣ самаранок фаъолият намуда, бо техникаю мошинолоти зарурӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ сохтмони пойгоҳҳои таъмирӣ дар ноҳияҳои Данғара, Рашт, Деваштиҷ, Хуросон, шаҳрҳои Роғун ва Кӯлоб бо суръат идома дорад. Дар ноҳияи Ишкошим лоиҳа ва сертификати сохтмон омода гардида, пойгоҳи таъмирӣ дар назар аст, ки рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Корхона бо корхонаҳои ватанӣ – КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», КВД «Авторем», ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» ва ҶСШП «Новселмаш», ҶСШП “Агротехсервис” ва ҶШСП “ТоҷИрон” оид ба харидории таҷҳизоти ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, мошинолотҳои зикргардидаро тибқи талабот дастрас менамояд.

Ҳисоботҳои молиявии Корхона ва дигар санаду ҳуҷҷатҳо, инчунин санадҳои бонкӣ ба вазорату ташкилоту идораҳои дахлдор ба тариқи электронӣ пешниҳод карда шуда, Раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо, Шуъбаи гузарондани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) пурра ба шакли электронӣ гузашта, шахсони масъул донишҳояшонро дар ин самт мукаммал намуда истодаанд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки бо ворид намудани техникаю мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои тасмачархи пуриқтидор дар азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову боир, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши замин ва дигар тадбирҳои агротехникӣ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро таъмин намояд. Дар ин раванд роҳбарияти Корхона соли сеюм аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳуриҳои Белорусу Чин ва Федератсияи Россия тракторҳои дорои қудрати беш аз 130-150 қувваи аспро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар шудгори тирамоҳӣ, махсусан омода намудани замин ба  кишти пахта ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо намуда, ки то ин дам самаранок истифода бурда мешаванд.  Корхона воридоти тракторҳои тасмачархро ба ҷумҳурӣ идома дода, мақсадгузоштааст, ки аз ҳисоби фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ 10 адад тракторҳои тасмачархи коршоямро аз дохили ҷумҳурӣ харидорӣ намуда, марҳила ба марҳила талаботи хоҷагиҳои деҳқониро бо тракторҳои тасмачарх таъмин намояд.

Роҳбарияти Корхона дар робита ба раванди иҷроиши супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №2587 (26.3) аз 21.07.2022 оид ба таъсис додани курсҳои омодасозии механизаторону комбайнёрҳо, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва вазорату ташкилотҳои дахлдорро вазифадор намудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар раванди тезонидан ва амалӣ намудани масъала мусоидат менамуданд. Дар робита ба масъалаи мазкур хулосаи Вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиснои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Агентии назорат дар соҳаи маориф дода шуда, ниҳодҳои мазкур ин иқдомро тарафдорӣ менамоянд. Зеро, дар идора намудани техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои тасмачарху чархдор ва комбайнҳои ғалладарав мутахассисони касбӣ ниҳоят муҳим буда, коркарди замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот аз  фаъолияти пурсамари онҳо вобастагии калон дорад. Аз тарафи дигар нарасидани механизаторони касбӣ масъалаи доғи рӯз маҳсуб ёфта, боиси коста гардидани рушди соҳаи кишоварзӣ гардидааст.

Бо ин мақсад дар баробари омода намудани мутахассисони касбии техникӣ дар базаҳои Марказҳои хизматрасонии техникии КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ва литсейҳои касбӣ-техникии шаҳру ноҳияҳо мутахассисонро оид ба кор дар дастгоҳҳои таъмири техника ва таҷҳизотҳо, харротӣ, кафшергарӣ, оҳангарӣ, кафшергари барқӣ ва газӣ вулканизатсия, таъмиргари насосҳои сӯзишворӣ, агрегатҳои суфтакунӣ ва ғайраҳо бояд омода намуд. Ин имкон медиҳад, ки ҳам мутахассисони механизаторӣ тайёр карда мешавад ва ҳам фаъолияти марказҳо доимӣ гашта, техникаю таҷҳизоти онҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ сари вақт таъмир гардида, ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шаванд.

Инчунин дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои таҷрибаомӯзӣ ҷиҳати омӯзиши техникаҳои муосирро ташкил намуда, бо ин васила имконият фароҳам оварда шавад, ки таҷрибаомӯзон ба таври амалӣ бо техника шинос гардида, минбаъд таъмиру идораи техникаҳоро пурра аз худ намоянд.

Бо мақсади амалӣ намудани иқдоми мазкур аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки раванди амалисозии иқдоми мазкур тезонда шуда, камбуди кадрҳои механизатории соҳавӣ ҳаллу фасл карда шавад.

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз камбуди техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар саросари ҷуумҳурӣ мебошад. Аз таҳлилу ҳисоботҳои ҷорӣ маълум мегардад, ки кишоварзони ҷумҳурӣ аз рӯи талаботҳои меъёрӣ ба ҳамаи намудҳои техникаю таҷҳизоти зарурии кишоварзӣ пурра таъмин набуда, таъминот дар шаҳру ноҳияҳо ба техникаю таҷҳизот аз 33 то 68%-ро ташкил медиҳад. Тибқи омори расмӣ барои пурра таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ бо техника ва таҷҳизоти ҳозиразамони кишоварзӣ 3,8 млрд сомонӣ зарур аст. Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ тибқи меъёрҳои ҷорӣ зиёда аз 10 ҳазор адад тракторҳои гуногунтамға намерасад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар асоси банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 аз 1 августи соли 2015 Вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағҳои грантӣ бо мақсади рушди муносибатҳои лизингӣ ва мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” мусоидат намоянд. Мутаассифона, то имрӯз аз ягон сарчашмаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, ки ҳамасола ҷиҳати дастгирии соҳаҳои мухталиф маблағ ҷудо менамояд, ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” маблағ ҷудо нагардидааст.

Эҳтиромона ба маълумот мерасонем, ки роҳбарияти Корхона аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ ба қадри имкон техникаю таҷҳизотҳоро ворид менамояд. Барилова, аз маблағҳои мазкур Марказҳои хизматрасонии сервисиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  сохта, онҳоро бо дастгоҳҳои таъмирӣ таъмин менамояд, ки барои ин корҳо маблағҳои калон сарф мешавад, дар ҳоле ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №474 ин корҳоро бояд анҷом диҳанд. Қисмате аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ танҳо барои сохтмони Марказҳои таъмирӣ замин ҷудо менамоянду халос, боқимонда сохтмон ва мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳоро КВДҶ “Тоҷикагролизинг” анҷом медиҳад, ки барои амалӣ намудани онҳо маблағҳои калон масраф мегардад.

Бо ин мақсад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ҳалли масъалаи мазкур мусоидат намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор дастур медоданд, то дар оянда ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ тавассути сарчашмаҳои сармоягузорӣ иқдомҳои амалӣ  андешида,то воридоти техникаю мошинолот зиёд гардида, талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони ниёзманд ба техникаю таҷҳизот таъмин карда шавад.

Роҳбарияти Корхона бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва бозгашти маблағҳои лизингӣ техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон, аз ҷумла тракторҳои пурқудрати чархдору тасмачархро ворид намуда, дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ новобаста аз шакли моликияташон ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дар ихтиёрашон қарор медиҳад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх