(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ҷашни Меҳргон

Санаи 15.10.2022 дар “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ва иди асал баргузор гардид.

          Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

         Дар Иди Меҳргон, фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ва иди асал, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

        Дар ҷашни мазкур дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

            Чун анъана КВДҶ “Тоҷикагролизинг” техника ва таҷҳизотҳои муосири соҳаи кишоварзиро ба намоиш гузошт, ки хоҷагидорону деҳқонони саросарии мамлакат бо онҳо аз наздик шинос шуда, барои ба иҷораи молиявӣ гирифтани техникаҳо бо Корхона шартномаҳо ба имзо расонданд. Ба муштариён тарзи ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ) гирифтани техникаю мошинолоти кишоварзӣ фаҳмонда шуд ва имрӯз мушоҳида мегардад, ки муроҷиаткунандагон барои ба иҷора гирифтани техникаи кишоварзӣ ба корхона муроҷиат намуда, барои саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ аз муосиртарин техникаю мошинолот истифода намуда истодаанд.

Дар фарҷоми намоиш КВДҶ “Тоҷикагролизинг” барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо Диплом ва Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии тоҷикистон сарфароз гардонда шуд.

  

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх