(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Мукаммал намудани Марказҳои хизматрасонии техникии КФ “Бадахшонагролизинг”

Таъмин намудани хоҷагидорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо техникаю таҷҳизот яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити рӯз маҳсуб ёфта, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” пайваста баҳри мукаммалу муҷҷаҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чораҳои лозимӣ меандешад.

Махсус таъкид бояд кард, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дар баробари дигар вазорату идораҳои давлатӣ КВДҶ “Тоҷикагролизинг”-ро вазифадор намуданд, ки таъмин намудани кишоварзони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо  техникаю таҷҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ дар шароити рӯз яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли масъалаи мазкур дар мадди аввал гузошта шавад.

Зимни шиносоӣ бо Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуруҳи корӣ бо сарварии муовини сарвазирии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор аз фаъолияти Марказҳо дидан намуда, талаботи кишоварзонро ба техникаю таҷҳизот муайян намуданд. Роҳбарияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар ин замина чораҳои таъхирнопазир андешида, ба таври фаврӣ ҷиҳати мукаммалу муҷҷаҳҳаз намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ интиқолдиҳии тракторҳои муосири бисёрсоҳаи  чархдору тасмачарх ва таҷҳизотҳои заруриро ба вилоят фавран оғоз намуда, пайваста Марказҳои хизматрасонии техникиро бо навтарин техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ мукаммалу муҷҷаҳҳаз намуда истодааст.

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари давлат роҳбарияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ба таври фаврӣ иловатан ба Корхонаи фаръии “Бадахшонагролизинг” 6 адад тракторҳои тасмачарх ва чархдор, як адад манипулятор, 14 намуд таҷҳизотҳо, 11 намуд қисмҳои эҳтиётӣ аз қабили шинаҳои қафо ва пеш барои тракторҳо, лемех, аккумуляторҳо, стартерҳо ба маблағи 2,5 млн сомонӣ ба таври бебозгашт ҷудо намуда, дар ихтиёри Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон қарор дод. Инчунин барои кишоварзони ноҳияи дурдасти Мурғоб ва интиқолдиҳии техникаб мошинолот ба ноҳияҳои вилоят як адад манипулятор ва як адад мехлопата ҷудо намуд, ки дар иҷрои корҳои кишоварзӣ самаранок истифода бурда мешавад. Дар баробари ин гуруҳи кормандони инженер техникии “Тоҷикагролизинг” ба шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар намуда, ҳолати кории тракторҳоро аз назар гузаронда, техникаҳои таъмирталабро дар ҷояш таъмир менамоянд.

Дар маҷмуъ КВДҶ “Тоҷикагролизинг” аз давраи таъсисёбӣ то имрӯз ба Марказҳои хизматрасонии техникии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хорӯғ 48 адад тракторҳои гуногунтамға, 2 комбайнҳои ғалладарав ва 317 адад таҷҳизотҳо аз қабили гандумкӯбак, испор, мотоблок, ҷӯяккаш, алафдаравҳои дискӣ ва механикӣ, картошкаканак, картошкашинонак, кулухмайдакунак, нурипошак, ядакҳои тракторӣ, чапар ва ғайраҳоро ба маблағи беш аз 14,5 миллион сомонӣ ба таври бебозгашт ҷудо намудааст, ки то имрӯз самранок истифода бурда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиќи Оинномаи КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Корхонаи Фаръии “Бадахшонагролизинг” уҳдадор аст, ки ҳар моҳ 5%-и маблағҳои хизматрасониашро ба ҳисоби ҷории  КВДҶ  “Тоҷикагролизинг”  ворид намояд. Аммо, роҳбарияти Корхона мушкилоти шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба назар гирифта, давоми беш аз ҳафт сол ба Корхонаи Фаръии “Бадахшонагролизинг” иҷозат додааст, ки маблағҳои мазкурро барои рушди фаъолияти Марказҳои хизматрасонии техникӣ сарф намуда, фаъолияти Марказҳоро тақвият бахшад. Инчунин барои дастгирии КФ “Бадахшонагролизинг” ба ҳафт нафар Сардорони Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои Бадахшон моҳона ба маблағи 500 сомонигӣ барои ҳар нафар маош  муайян карда, андозҳои ҳатмии маошро низ пардохта, сафарҳои хизматии кормандонро пурра аз ҳисоби Корхона пардохт намуда, дар ҷашну маъракаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона саҳми худро мегузорад. Инчунин ба таври истисно пешпардохтҳоро барои дарёфти техника  ва таҷҳизот то 20% ва муҳлати ба иҷораи молиявӣ гирифтани техникаҳоро то 10 сол ва барои таҷҳизотҳо то 5 сол  муқаррар кардааст, ки ин барои иҷорагирандагон кумаки хубе маҳсуб меёбад.

Роҳбарияти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар ноҳияи Шуғнон дар паҳлӯи роҳи марказӣ  маркази таъмирию сервисӣ сохтааст, ки ба муштариён хизматрасонии техникӣ менамояд. Дар устохонаи мазкур сехҳои таъмири стенди насосҳои сӯзишворӣ, вулканизатсия, челонгарӣ, кафшергарӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳо сохта шудааст, ки дар давоми шабонарӯз ба муштариён хизмат мерасонад, ки ин имконият медиҳад механизаторони шаҳру ноҳияҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон барои таъмири насосҳои муҳаррик ба шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ наомада, имрӯз ин мушкилотро дар Маркази таъмирию сервисии ноҳияи Шуғнон пурра анҷом дода, ҳам аз нигоҳи талафоти вақт ва ҳам аз ҳисоби буҷаи шахсиашон бурди калон мекунанд.

Дар Маркази таъмирию сервисии ноҳияи Шуғнон барои истироҳати кормандони техникӣ ва меҳмонон меҳмонхонаи замонавии дуошёна сохта шудааст, ки дорои тамоми васоили зиндагӣ буда, бо оби гарму ҳаммоми ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад. Механизаторону меҳмонон имконияти хубе пайдо кардаанд, ки дар баробари заҳматҳои шабонарӯзӣ ба истироҳат низ пардохта, хастагиҳои кориашонро бароварда созанд.

Роҳбарияти КВДҶ “Тоҷикагролизинг” пайваста ба фаъолияти Марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати мукаммалу муҷҷаҳҳаз гардондани Марказҳо тамоми чораҳову тадбирҳоро андешида, дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқонии вилоятро бо техникаю мошинолот таъмин намуда, корҳои дастиро пурра аз байн бардошта, дар механикунонии саросарии мамлакат саҳми босазо гирад.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх