(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ТРАКТОРҲОИ ТАСМАЧАРХ ЗАМИНАИ ХУБЕ БАРОИ ҲОСИЛНОКИИ БАЛАНД

 

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”  дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва дастгирию роҳнамоиҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифта буд, ки тракторҳои тасмачархи муосири пурқудратро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову боир, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши замин, ба амалияи доимӣ табдил додани кишти такрорӣ ва дигар тадбирҳои агротехникӣ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро таъмин намуда, дар татбиқи Барномаи амнияти озуқавории кишварамон саҳми шоистаи худро гузорад.

Тоҷикагролизинг дар ду соли ахир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва хоҷагидорӣ беш аз 30 адад тракторҳои тасмачархро аз Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия, инчунин аз дохили кишвар  ба ҷумҳурӣ ворид ва харидорӣ намуд, ки аллакай дар шудгори заминҳои пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ самаранок истифода гардида, заминаи хуберо барои зиёд намудани ҳосилнокӣ фароҳам оварда истодаанд. Тракторҳои тасмачархи воридгардида дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо дода шуда, дар мавсими шудгори тирамоҳию баҳорӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тавассути тракторҳои тасмачарх, ки дорои 130 то 190 қувваи асп мебошанд, заминҳо тибқи қоидаҳои агротехникӣ шудгор карда мешавад.  Махсусан пахта, ки аз ҷумлаи рустаниҳои тирреша маҳсуб меёбад, бояд дар дар чуқурии то 50 сантиметр  кишт карда шавад. Тавре мутахассисони соҳаи заминшиносӣ иброз медоранд, солиёни зиёд заминҳо тавассути тракторҳои камзарфият дар чуқурии то 25-30 см шудгор карда шуда, қисмати поёнии замин бо мурури замон сахт гардида, барои нашъунамои пахта номусоид гаштааст. Солҳои пеш ҳатто дар ҳарорати то 50 дараҷа гармӣ ҷумҳурии мо аз ҳисоби истеҳсоли пахта аз як гектар дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷои аввал қарор дошт. Сабаб он буд, ки замин тавассути тракторҳои пурқударат дар чуқурии то 45-50 см. шудгор карда мешуд, ки дар натиҷа замин намнокиро нигоҳ дошта, решаи пахта ва зироатҳои ғалладонагӣ аз чуқурии муайян ғизо гирифта, хуб нашъунамо меёфт.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии замин тибқи дастур ва роҳнамоиҳои мутахассисон дар заминҳое, ки пахта кишт карда мешавад, бояд шудгор дар чуқурии 45 то 50 сантиметр гузаронда шуда, қисмати сахти поёнии замин пурра нарм карда шавад. Дар ин заминҳо бояд аз тракторҳои пурқудрати тасмачарх истифода намуд, ки “Тоҷикагролизинг” заминаро барои ба даст овардани ҳосили баланди пахта ва зироатҳои ғалладонагӣ фароҳам оварда, хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ метавонанд аз ин навъ таркторҳо самаранок истифода намоянд.

Тракторҳои тасмачарх дар дилхоҳ шароиту иқлим, барфу заминҳои яхзада бемамониат заминро дар чуқурии муайян аз 45 то 50 см шудгор мекунанд. Барои ин навъ тракторҳо испорҳои даврхуранда ва кафлездори чор ва панҷ танагӣ аз давлати Олмон ворид карда шудааст, ки бидуни мушкилот онҳоро дар дилхоҳ замин озода кашида, шудгорро босифат анҷом медиҳанд.

Инчунин барои гузарондани кишти пахта ва дигар зироатҳои ғалладонагию техникӣ тухмипошакҳои универсалӣ ворид карда шудааст, ки киштро дақиқ ва каммасараф анҷом медиҳад.

Роҳбарияти “Тоҷикагролизинг” аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, саъю талош дорад, ки солҳои баъдӣ низ таркторҳои тасмачархро бештар ба ҷумҳурӣ ворид намуда, дар шудгори босифати заминҳои пахта ва зироатҳои ғалладонагӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ва ғаллакор дасти мадад дароз намояд ва маҳсулнокии истеҳсоли пахта ва зироатҳои ғалладонагию техникиро, ки аз маводи муҳими стратегӣ маҳсуб меёбад, мисли солҳои пешин баланд бардорад.

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх