(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

Ҷамъомад ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 15.11.2022 дар толори маҷлисгоҳи КВДҶ “Тоҷикагролизинг” бахшиджа ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  Маҷлисро Директори Корхона Акрамзода Юсуф Акрам ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, имрӯз бо сарбаландӣ ва ифтихор санаҳои бузурги миллиамон- Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа зарарҳои зиёде расид.

Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзили истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари он қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардида, бародар бо бародар ва падар бо писар душман гардиданд. Душманони миллати тоҷик ба ҳар восита мехостанд, ки ба ватани мо ҳар чӣ бештар зиён расонда, ҳатто дар фикри аз байни бурдани Тоҷикистон буданд. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Сарвари давлат аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Ин буд, ки 27 июни соли 1997 Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва сулҳи байни Ҳукумат ва неруҳои мухолифин ба даст оварда шуд ва шукронаи он мекунем, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарҷвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиҳоди шикастнопазири байни тоҷикон барои ҳамеша пойдору ҷовид мондааст.

Барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳама ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, вахдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳалқаҳои аз ҳам пош хӯрдаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайваст, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ овард, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид бунёд намуд ва худ девори хастанопазир барои Тоҷикистон ва мардуми он гардид.

Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Бояд қайд кард, ки дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову Шумо мебошад.

Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодихоҳӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.

  

  

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх