(+992 44) 600-58-58

ДШ - ШБ 9:00 - 18:00

info@tajikagroleasing.tj

ХОҶАГИДОРОНИ ҶУМҲУРӢ СОҲИБИ ТРАКТОРҲОИ ТАСМАЧАРХИ НАВЪИ «БЕЛОРУС» 2103 ШУДАНД

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” тракторҳои тасмачархи навъи «БЕЛОРУС» 2103, ки дорои 190 қувваи асп мебошанд, аз Ҷумҳурии Белорус харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Ба трактори мазкур испорҳои панҷ танагӣ васл карда шуда, онро бе мушкилӣ мекашад ва заминро дар чуқурии то 50 см шудгормекунад. Ин навъи трактор барои коркард дар заминҳои пахта ва зиооатҳои ғалладонагӣ хеле муфид аст.

Трактори «БЕЛОРУС» 2103 таъиноти умумӣ, класси кашиш 4 барои кор дар соҳаи кишоварзӣ бо мошинолотҳои васлшаванда, нимпайваста ва ядакӣ (аз ҷумла испорҳои дпаохӯранда) ва асбобҳои дорои диапазони муқовимати кашиш аз 30 то 40 кН дар реҷаи суръати кор, аз чумла шудгори заминҳои миёна ва вазнин ва нарм кардани онҳо, нурӣ андохтан, коркарди пеш аз кишти замин ва  дар як вакт тайёр кардани замин барои кишт, пӯшондани намӣ, майда кардани кулух, кишт, чамъоварии хосил ва дигар корхои таъиноти умумии заминхои сероб пешбинӣ шудааст.

 

Шарҳи худро гузоред

Суроғаи почтаи электронии шумо, нашр карда намешавад.

Таджикагролизинг | © 2016

Наверх